Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў панҷа бар гулўй мезанад, то ғамбодаи нобаҳангом андар гулўяш чун ғури дарахти гирдакон рўйидаро барканад ва ба олам фарёд занад, ки беҳуда ва ноҷо куштаанд сипаҳсолорро! Ин шаҳсутуни Мақдуниёро! Пойдории дижу марзу буми Мақдуниё аз ў буд, инак фурў равад ҳама. Вале ба чанголи ў намеояд омоси хаёлиаш, пиндорад, ки бузург бувад ва нагунҷад дар чангаш.
«Дареғи падар» дар забонаш мегардад ва ў бо садои оламгир онро гуфтанист, аммо ғамбода нагузорад. Балои азим, роҳҳоро баста, ҳатто роҳи нафасро, ки базўр аз ин ҳавои вайрони бадбўй кас нафас мекашад. Бўйи ғинҷ, бўйи сўхта, бўйи ҷасади сўхтаи одаму сутурон.
Ва ҷилавтар болои сари Искандар лошахўрони баднамо бол кушода гирд мегарданд ва чанголҳои гирои хешро сўйи замин кашол карда ва минқори безебашонро кушодаву пўшида ва гардани паррехтаи песашонро ёзида ба сипоҳи чун селоба равон менигаранд, ки селоварде андар канори роҳ боқӣ монда ё на.
«Кишк! Кишк!» хаёлан меронад Искандар мурғони лошахўрро ва маҳмез мезанад Бусефалро, то раҳо ёбад аз гирдбоди онон.
«Кишк! Пас равед, маслух андар Окботоно! Мурдаи сипаҳсолор...
Кирои талош дорад... Тори сари ман гаштанатон беҳуда... Ман он наям, афтода ба хок гардам... Ман то каронаҳо равам, Оби Ҳаётро хўрам...ва...ва... ва намирам... Кишк! Кишк-э!»
Файлотус биниашро медорад, ки аз бўйи гандидаву сўхтаи гўшти одамӣ саҳрову фазо ва ҳавои олам пур шуда бошад. Ва менигарад сўйи Искандар, ки ў низ ин чизро мешунавад ё на. Ў бар Бусефали тезтак нишаста, рўйи ёлу фиши он хамидааст ва аз тундии асбу боди мухолиф мўйи сари ў чу боли уқоб метобад.
Ба назар Искандар бо асби болдораш якҷоя парвоз мекунад.
Вале Искандар хашмӣ аз рафтори мурғони ҳаво ба камонварону тирандозон менигарад, ки тир зананд ин паррандагони беболро.
Ононро болу пар рехта танҳо дар қолаби бол даст кушода ҷувозак мегарданд, вале қанотҳои паркандаашон болафшонӣ надоранд.
Чунон парвоз доранд дар ҳаво, ки мор дар об. «Чаро тир намезанед!?» Дар зеҳнаш ў баланд садо кард, аммо касе нашунид садояшро. Ў баргашта ба фавҷи камонварон нигарист, ки чаро фармони ўро ба ҷо намеоранд. Ба назар ҳама қайсару саркаш ҳастанд.
Вале онҳо ҳама сархаму хомўш раванд ва мотамзада тобанд.
Ин замон ғалмағали дилбазану гўшкари мурғони баднамо қатъ мегардад. Искандар менигарад ба осмон. Мурғон зери меғ шудаанд. Абри сернахи хокистарранг гўё ки касе бод медода бошад фавҷ-фавҷ ба ҳам бархўрда ҷой бадал мекунанд ва осмонро пўшонидан мехоҳанд. Ба назари Искандар ин кори он мурғони зишт аст, ки бо болҳои паррехтаву бараҳна абрро такорўй мекунанд. Онҳо аз шарм зери абр шудаанд, то тарҳу қолаби безебашонро шоҳ набинад. «Биё, тори сари мо биё! Борон бирез!» Абрро ишора мекунад Искандар аз тафсои тамузи тобистон дилгир шуда.

пешина
аз 391
навбатӣ