Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Танҳо шоҳ Доро баумед аст, ки ягон некии кардааш ба Ҳурмузди бузург хуш омада бошад, шояд ёваре фиристад барои ў. Чунин андеша аз сари Бесус низ гузашт, ки ба кўмаки шоҳи кишвар мешитобад савор. Чун савор даррасид, посбонҳо пеши асби ў боздоштанд. Асби шинос. Савор инони Гули Бодомро кашид ва ва фарас чаҳор дасту пой ба хоки нарм тира карда каме лағзид ва бозистод.
«Искандар!»
Гуфт ў ва баробари шунидани ин ном ошуфта гаштанду осематар. Бесус ба вазир Набарзан нигарист ва вазир ба Бесус. Ҳайрон монданд ва ба гардунаи сокити шоҳ Доро нигаристанд, ки муаммо ва мушкилот он бошад. Вале Бесуси Бохтарӣ чӣ кор карданашро намедонист. Нав забон аз таъна боздошта буд. Шоҳро ба ҳар навъе ки мехост, маломат мекард. Ҳолиё ба сари ў омад, «бало» ва надонад чӣ бикунад. Ҷанг хоҳад, ба ҷанг омода нест.
Бо лашкаре, ки зўри сипоҳи Порс нарасид, чӣ гуна метавонад даста биҷангад. Буд-набуд ҳама таънаҳое, ки ба Доро гуфта буд, ўро гўянд. Агар гурезад, маломатзада гардад.
Ҳанўз ба қароре наомада пой тира бар рикоб карда, сари зин рост шуд Бесус ва дасти рост боло дошта фармуд:
«Сипо-о-оҳ!...»
Ҳамин қадар гуфт ва надонист чӣ фармон диҳад. Аз назар гузаронид, ки сипоҳи ночиз, ки ақаллан ин убургоҳи тангро напўшидааст, пеши лашкари мўру малахи Искандар чӣ битавонад кардан. Бехабар аз он ки Искандари Мақдунӣ низ бо дастаи ночизе ҳамлавар шуда ба ин ҷониб. Нигарист ба Набарзани вазир.
Ў низ чун Бесус омода набуд ба фармону набард. Ва гўйӣ ҳама мушкилаву муаммояшон шоҳи бандӣ бошад, сўйи гардунаи шоҳӣ зеҳн монд. Бесус ишораи ўро пай бурд, дашна аз наём кашид ва ёзид сўйи вазир. Набарзан ҳайрон шуд аз чунин рафтори сатрапи Бохтар, ки ў низ дашнаву шамшеру теғ дорад ва чаро Бесус дашнаи хешро ба ў диҳад.
— Ман дашна дорам, Бесус.
— Медонам, ки дорӣ... Вале бо дашнаи ман бикуш ўро...
Набарзани вазир нагирифт дашнаи ўро, ки бадномиро ба ў часпонданист.
Ва Ортобози солхўрда пеш омад ва рў ба Бесус овард:
— Маро бидеҳ, ман кушам ўро бо теғи ту!
Аҷаб омад Бесусро ва каме таваққуф карда гуфт:
— Магар ту дашна надорӣ, сипаҳсолор?
— Дорам, Бесус, дорам... Вале охирин намояндаи хонадони ҳахоманишӣ бо теғи ту мирад, аҷаб шавад.
— Туро рухсат. Бо теғи худ бикуш, сипаҳсолор.
Сипаҳсолори собиқадор, корзордида ва бисёр размидаву чизе надида ва дар пирӣ пушаймон аз хунҳои рехтаи хеш на дашна, балки шамшер биохт ва равон шуд сўйи гардунаи шоҳ.

пешина
аз 391
навбатӣ