Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Бигзору бирав!
— Ба чашм, раббулнавъ.
—Чашмонат хуморӣ, яқин чошнӣ кардӣ?
Ў ё маънии сухани шоҳро нафаҳмид, ё махсус чунин лабханд кард ва ё кар буд, ки посух ба пурс надода, дастон пеши бар, долсурат пас-пас рафт.
«Мозакро монад» аз дил гузаронд Искандар ва чашм чаронд, то шоҳи Мисрро ба нигоҳ дарёбад. Чун чашмаш ба чашми Мозак биафтод, ў сари эҳтиром андохт. Шоҳ дарёфт, ки фармудаи Мозак бувад. Одатан шоҳон ва шаҳрдорҳо паҳлўи Искандар менишастанд. Аммо Мозак худро дур гирифта, шояд аз рафтори худ шармида чунин рафтор карда бошад, ҳамроҳи нафаре нишаста, ки шоҳи мақдунӣ ўро дар куҷое дида ва бо касе монанд мекунад:
марди нуронии бараҳнарўй; мўйи сару ришаш сабзранг. Риндона ришаш ва мўйи сараш тор-тори то паси гардан фаромада ва зиреҳ гашта. Пешонӣ аз ҳисоби мўйи ворафтаи тори сар фарох тобад ва сурату ҳайаташро малакутӣ во намояд. На, Искандар надида чунин симоро. Вале ангорад, ки дида. Дар куҷое, дар андому чеҳраву қиёфаи касе… «Магар Арасту нест? Нааа… Гармии ситорааш монанд ба ў…» Ба ҳар ҳол шоҳ ба зеҳну ёд гирифт ин суратро ва ба андеша рафт. Аммо вонамуд накард; мутаваҷҷеҳ низ нашуд, ки ин марди кушодачеҳраи пашмӣ хушаш омад, ки қадимтар аз аҳди ў гузашта; ба назари ў чунин: хеле қадим дар аҳди Одам гузашта. Акнун гоҳ ба ў нигараду гоҳ дуздонад нигоҳашро, лекин чизе нагўяд.
Ва теғи офтоб Искандар аз тахти зарин бархест. Тахти Миср ларзид ва шоҳ миёни ҳозирин шуд, ки кам монда буданд ҳушёрон.
Хеле касон дар ҳар кунҷу канор маскан гузида; гурўҳи «Дўстон»
мунтазири фармони лашкаркаш ва хоҳишу дархости ў буданд.
Дурахшид Офтоб ва қурбониҳоро оварданд ба қурбонгоҳ.
— Бузургтаринашро барои Описи муқаддас қурбон бикунед!
Вале касе ба маънии хитоби Искандар сарфаҳм нарафт, ки рост гуфт ва ё киноя зад?
Ноқаи сапеди дукўҳона, ки аз фарбеҳӣ кўҳонаш ба рост хамида буд, наъракашон маҳор канданӣ шуда, сар ба Осмон мекашиду ба Замин мезад; пойи рафт боздоштанӣ мешуд; лабони кашолашро ҷамъ карда натавониста, дандонҳои сапедашро менамуд; касеро ё чизеро газиданӣ буд ва рафидаҳои фароху азимашро бардошта фармонбардорони ин ҷашни бузургро помол кардан мехост. Ва бо ҳамон вазну бузургӣ ҷуфтак задан мехост, ки думи кўтоҳаш базўр меҷунбид. Аммо ду азамати ҳузарб ду маҳори аз бинии нор гузаронидаро ба ду тараф кашида, намегузоштанд, зўрӣ ва кори ноҷо бикунад. Гардани дарози ҳалқагаштаи шутур мори сарбардоштаву ҳанўз тир нагаштаро мемонд. Сари ҷонвар низ монанд буд ба сари мор; гўшҳои хурдаш, борикии фўкаш ва баъзан даҳон кушоданаш морона буд; хашмаш низ.

пешина
аз 391
навбатӣ