Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Уффф… Одамӣ шири хомхўрда, фикрҳое мекунад, ки…» Чашмон муштмол ва рўй дастмол кард; бедор гардонд хешро; чун саги рўдро убуркарда хешро сахт афшонду сабук гардонд ва аз торикӣ ба равшаноии базмгоҳ баромад.
Шаб бо базми Искандарӣ рўз шуд. Вале шоҳ чунон ки бояд май нахўрд. Назарфиреб мехўрд; ҷом ба лаб бурда, сар андак пас андохта, вонамуд мекард, ки ҷом ба сар мекашад; дар асл забон пеш оварда, роғи миёни лабу ҷомро баста, намегузошт, то шароб дарун равад. Чунон мекард ва бештар майлаш ба мушоҳида буд, то дигарон чӣ кунанд. Зеро шоҳ аз забони Мозаки бехиради хомхаёл ва чанде дигар шунида буд, ки порсиён осон ҷон нахоҳанд дод; ҳар лаҳза бедор ва ҳушёр бояд буд. Ба ин хотир Искандар озмудан дошт. Бавижа худи Мозакро. Мозак чун шоҳи Миср метавонист хидматгузоронро фармояд, ки қурбониёнро омода созанд ба фардо; ба эҳтироми раббулнавъ худ ба хидмат рафт ва дер омад. Искандар чунин ғайб зада, дер омадани Мозакро макр пиндошт. Зеро чунинон на танҳо Искандарро чунин хидмату хушомад доранд, зўр ояд, ҳар киро лаган бардоранд. Аз баҳри мансабу курсӣ ҳозир ҳастанд ҳама чизро гаравгон гузоранд: мулкро, дороиро; пеш ояд, зану фарзандро.
Искандар чунин касонро нафрат дорад: «Аз эшон худро бояд канор гирифт… Бедору ҳушёр бояд буд.» Ҷом ба сар кашид; андешае ба сар бизад: «Дунёро нахуст аз хушомадгўён тоза бояд кард, сипас аз тамаъдорон ва ё баракс…»
Вале барои шарҳу эзоҳ фурсат намонд; касе баногўшӣ кард:
«Шароби мақдунӣ.» Баргашта каси ношиносро бидид, ки кўза дар даст сари тавозўъ андохта буд. Искандари донову зирак шароби ҷом ба замин рехт ва дасту ҷом сўйи ў ёзида табассум кард. Ношинос дудаста кўза медошт ва дастонаш меларзид. Ҳамон зайл шароб рехт. Шоҳ тааҷҷуб дошт. Шароби арғувонии мақдунӣ буд. Искандар бидид ва бовар кард, ки шароби мақдунӣ. Вале чун дар банди андешаву мушоҳидаи хушомадгўён буд ва қиссаҳои майгусории вазир Боҳуи порсиро шунида буд, хиратабъ шуд.
Ва чун донист, ки кўзаи бодагусор зарин аст, чашм возеҳ кушод ва пурсид:
— Шароби мақдунӣ гўйӣ?
— Оре, раббулнавъ!
— Аз ин шароб зиёд мехўрӣ?
— На, раббулнавъ. Ин ҳаққи шумост.
— Пас чаро дастонат ларзанд?
— Аз сиёсат ва бузургии раббулнавъ.
Искандар боз чӣ пурсиданро надониста, мадд кашид ва ҷомро наздик оварда, ба ранги май хеле нигарист ва фармуд:
— Шароби мақдунӣ. Кўза куҷойӣ?
— Порсӣ, раббулнавъ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо