Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Искандарро либоси фохири мисрӣ пўшониданд; бар курсии ҳарам нишонданд; аз сараш зару зевар афшонданд ва унвони ифтихории шоҳони мисриро бахшиданд:
«Фиръавн.» Искандар ҳамаро хуш пазируфт ба хотири хотирҳо. Аз миёни ҳозирин яке чашми шоҳ ба он марди фарохпешонии риши риндиёна дошта афтид, ки эътиборе намедод ба расму русумҳо ва пазироии шоҳи тозаҷулус, ба карру фаррҳо… балки гирифтори андешаҳои хеш буд.
— Кист он марди андешаманди гирифтор? – пурсид Искандар Мозакро.
— Файласуфи мисрӣ Псаммон.
«Псаммон? Псаммон… Псаммон…» ёдаш наомад ва рў ба Мозак овард: – Пури худои Аммон?
— На. Ин як нафар донишманди ба роҳи худ…
— Пас, Аммон писар надорад?
— Гўё дошта, аммо надошта…
— Чун?
— Гўё пеш аз худи Аммон ғайб зада…
Искандари рамузгир сўҳбатро қатъ кард ва дар дил чӣ ниятҳо дошт, худ медонист. Шердилтар ҳам шуд, ки дар назди худоён вом адо кард. Вале ин замон андар маъбад ғалмағал шуд ва Искандар ҷаста хест аз тахт: «Чӣ шўрест?»
Касе чашмдор набуд, ки Искандари тезхун чунин пурс ба миён меорад, балки ў шамшер аз наём мекашад ва ҳамлавар мешавад он сў. Вале оҳиста ва вазнин фурў нишаст фиръавни тозаҷулус ва нигашт ба ҳозирин. Ҳама миш-мишу баногўшӣ доштанд; якбора нигаристанд ба чашму рўйи якдигар, то чӣ посух ояд. Ва боз Мозак, ки гўйӣ бо зару хоста пеши шоҳи мақдунӣ забондарозӣ дошт, гуфтор кард:
— Фиръавни Мисрро равшан бод: Миср дар се пояи асосӣ устувор бувад: аввал сипоҳ; ду дигар кашоварз; се дигар коҳинон.
Сипоҳ мулк нигаҳ дорад, кашоварз неъмат офарад, коҳинон ғизои рўҳ бахшанд… Сипоҳ дар хидмати раббулнавъ, кашоварзон инчунин, вале коҳинон парешон гашта…
— Чун? – худдорӣ накард Искандар.
— Чунон ки арза доштам, чун порсҳо мулкро соҳиб шуданд, ранҷонданду ронданд коҳинони асилу огоҳ аз илми ғайбро ва ҳар киро, ки хостанд, нишонданд ба ҷойи онон, ки донад – надонад…
— Ғалмағал аз ин рўст?
— Оре, раббулнавъ!
— Фаро хонед ҳама коҳинони рондаву ранҷидаро!
Тоҷи фиръавнӣ ларзид андар сари хусрав. Донистанд, ки фармон аст. Омода гаштанд ба хидмат.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо