Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Толори пазирои шоҳӣ сочхонаро мемонд, ки селаи саъваву майна ҳамла оварда, он қадар ғалмағал кард, ки сухане ё садое аз миёни онҳо ҷудо ва рўшан шунида намешуд.
Искандар ин замон ғайб зад. Мозак бо ишораи шоҳ ўро ба хонаи маҳрамона бурда буд… Замоне ҳозир гашт, ки коҳинон ҷамъ омада буданд андар дижи Девори Сапед. Искандар эҳром печида бар тан чун худои Аммон. Китфи росташ бараҳна бо дасти рост ва тиҳипой. Дида бар фалак дошт. Чун омад, рў ба рў коҳинон баробар сари суҷуд оварданд ва ҳамовозу яксадо шуданд:
— Зинда бод раббулнавъ!
Гарчӣ дар чунин вазъу ҳол «раббулнавъ» гуфтани коҳинон намефорид; як навъ тамасхур буд, ки тоҷи фиръавнӣ бар сараш ниҳоданд ва онҳо қабул надоранд, табассум кард ва дасти бараҳнаро бардошт тори сар, то ҳамагон орому осуда бошанд: «Ба номи худои бузург Аммон!»
Каф кўфтанд коҳинон, гарчӣ чунин одат надоштанд; ҳама корро бо ишора ва таҳаммул баҷо меоварданд. Чун онон ин чизро аломати хуш пазируфтан карда буданд, шоҳи мақдуниро хуш омад ва даст афшонд:
— Шумо имрўз ва фардо коҳинони шинохта, олиқадри шоҳӣ бувед! – садо дардод Искандар ва кўтоҳ афзуд: – Ҷойҳои машғулии пешини худро ишғол кунед!
Ва рў гардонду бирафт. Рафтору ҳаракатҳояш чунон буд, ки андар ҳараму маъбадҳои бузург бикунанд: орому осудаву солоронаву хирадмандона. Ба чунин шаклу либос, ки касе Искандарро надида буд, ҳайрон низ шуданд. Онҳое, ки ўро дар либоси низомӣ ва шоҳӣ дида буданд, ба чунин дигаргунӣ ва тағйири шакл кардани инсон тааҷҷуб низ доштанд… Ў бирафт коҳинон ангушти ҳайрат газиданд. Ва баъд садову овозҳои шодбошу зиндабоши коҳинони ранҷидаву озурдадил боло шуд. Хаёлашон аз чашми онон Искандар чун худои зинда ғайб зад.
Раббулнавъ каманд андохт, то духтарон бидоранд нўгашро; бавижа паёмварону коҳинони яздонпараст; зеро мардум имон хоҳанд овард ба гуфтаҳои онон. Ў танҳо номи худои Аммонро гирифт; дониста чунин гуфт, то мисриёни ба дину оин дасту по бастаро сўйи хеш бикашад. Пургўйӣ накард; худоёни юнониро ёдовар нашуд…
Ва чун ба хилваткада рафт, ёди модар кард. Бузург донист ўро.
Бузургиву ақлу заковати Олимпиада буд, ки писарро то худшиносӣ расонд ва писар модарро боло гузошт аз падар Файлақус. Ва ҳанўз ҳам равшан намедонад, ки Файлақуси Дуввум ҳақиқатан падари ўст ё на? Зеро Искандар ёд надорад, ки модараш боре бо ў муомилаи хуб карда бошад ва ё ҳамбистари арзандаи хеш дониста бошад. Сагу гурба буданд. Танҳо гоҳи сўйи Ховар гуселонидан Олимпиада гуфт писарро: «Падари ту Юпитер!»

пешина
аз 391
навбатӣ