Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Аҷаб мегўйӣ. Бародари шоҳро касе шиканҷа накарда.
— Оре, касе шиканҷа накарда... Шояд то рўзе ки Искандар ҳаст, шиканҷа накунанд...
— То Искандар ҳаст?
— Оре, то Искандар ҳаст.
— Ва Искандар куҷо равад?
— Ҷое ки силсиладорон низ раванд.
— Аҷаб.
— Аҷобате надорад, шоҳ. Фарҷом чунин аст. Ва касе сутун нашуда ин гунбади бесутунро.
— Аҷаб... Аҷаб...
— Аҷобате надорад...
— Донам, ки аҷобате надорад... аммо чаро устод маро фирефта?
— Кадом устод?
— Аристотолис...
— Арасту... Ҳамон номвар?
— Бале, ҳамон номвар.
— Ва чӣ гуна бувад?
— Ин чизҳо туро чӣ зарур?
— Маро ҳолиё чизе зарур набувад ҷуз дафни ҷанозаи бародар ва пайдо кардани модар. Аммо бояд бидонам, ки Арасту Искандаршоҳро чӣ гуфта?
— Ў Оби Ҳаёт фармуда маро, ки ҷояш дар Офтобнамост.
— Устод туро Сароб намуда.
— Ту нохалаф чӣ гуна тавонӣ, ки...
— Осуда бош... – нарм ва осуда даст боло карда гуфт Оксафр ва баъд ангушти ишора сўйи ҷасади шоҳ Доро рост кард: — Ў низ Оби Ҳаёт меҷуст. Ва сўйи Мағриб рафта буд, ки Оби Ҳаёт он ҷост. Ва ту низ омадӣ сўйи Машриқ, ки Оби Ҳаёт ин ҷост...
— Ту ақлбохтайӣ... Ту бародари шоҳ найӣ!
— Осуда бош, шоҳ Искандар. Эрониён расме доранд, ки нобакорро низ пеш аз куш сухани вопасин диҳанд. Ман, ки нобакор нестам... Танҳо мехоҳам огоҳ кунам шоҳро аз баъзе кирдорҳо...
Аҷаб омад Искандарро ва андаке ғазаб фурў нишонд ва гўш ба ин махлуқи ноошно дод, то боз чӣ гўяд.
— Чунон ки гуфтам, дар ин гунбади сипеҳр касе сутун нашуда...
Агар сутун мешуд, Куруши Кабир бояд сутун мешуд...
— Чаро Куруши ту!? – худдорӣ карда натавониста даст ба қабзаи шамшер бурд ва тозон омадани Қирёси ҷаллодро дида, даст ба оромӣ бардошт. Ва Оксафр аз фурсат истифода карда, фармуд:
— Куруш, агар тавонист, ободонӣ кард. Мазлумонро аз чанги золимон раҳонид.
— Чӣ гуна?!

пешина
аз 411
навбатӣ