Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Барои шоҳ, ба хотири шоҳ, ки ў зинда хоҳад монд...
«Дурўғ! Дурўғ! Дурўғ!...»
— Чӣ дурўғ? – ўро бедор пиндошта сари зону нишаста пурсид Барзин, аммо посухе нашунида донист, ки хоб мебинад шоҳ.
Ва шоҳ хоб медид: набард дошт бо лошахўрон, морон ва шағолон. Танҳо як гурги бўр фўк сўйи осмон, гардан аз ҳад зиёд ёзонда, зуза мекашид ва лошахўронро гирд оварда, ҷувозак мегардонд.
Шоҳро намуд, ки созиш мекунанд ҷонварон, вале равшан намешавад натиҷаи корашон.
Кўҳе, ки моҳе пеш оташ зада буд, таркид. Шахи азим порапора пош хўрд андар фазо ва ба сари лашкар рехт. Ҳама сўйи диж тохта, зери бомҳо паноҳ бурданд. Сангрезаҳо жолаосо бориданд бар диж ва қариб ҳар санг як лошахўрро сарзер овард ва андар сафҳаи офоқ ҷуз хуршеди азими тобанда чизе боқӣ намонд.
Диж ҳам тобанда буд чун Ҷамдиж. Кунгураву бурҷу бораҳои он дурахш дошт ва Искандарро ситоиш мекарданд барои кохи бунёдкардааш.
Ва андар сари шахи сўхта, ки оне пеш таркида буд, як дуди сиёҳи ноҷунбон монанд ба дарахти азим боқӣ монд ва зўри боде намерасид, ки онро пароканда гардонад. Шоҳ дер нигарист ба он абри сиёҳ ва ҳайрон буд, ки чаро чунин шуд. Пасон ҷўшид меғи сиёҳ, қатрон гашт ва борид. Танҳо дар сари шахи сўхта борид ва шахи сиёҳу сўхтаро қатронӣ гардонд. Сипас ҳама ҷо осуда шуд.
Ҳаво беғубор гашт ва нафаси тоза дамид. Вале лашкари андаке пеш дар диж ҷой гирифта берун омад ва ғалмағалу давутоз зиёд шуд. Як-як сипоҳиёнро даст пушт тоб дода мебурданд, мекўфтанд, сарашро ба зўрӣ хам мекарданд. Шоҳ диққат медод, то шиносад, бегона метофтанд. Танҳо Файлотусро шинохт. Як малламўйро ба Лимни Димн монанд мекард. Аминта даст ба сари сина монда зорӣ мекард, ки гуноҳе надорад; шармандааш накунанд. «Шоҳ нафаҳмад, шоҳ!» садояш меомад. Аммо шоҳ ҳамаро медид.
«Гурехт! Гурехт!»
Садоҳо омад. Ҳарчанд шоҳ нигарист, ки бинад гурезаро, касе ба чашмаш нанамуд. Вале давуғеҷ, таҳлука ва дородору гурезогурез зиёд буд. Яке аз миёни издиҳоми шўрида фавворае баланд шуд.
Сурх буд фаввора ва чашми офтобро сурх кард. Фарохтар чашм кушода, нигарист шоҳ ва фаввораи хунро дид...
Шоҳ бедор шуд. Офтоби нимрўзӣ хонаро равшан мекард. Садои рўдаки паси диж меомад. Дигар ҳеҷ чиз набуд; на зану фарзанд, на давутозҳо, на таҳлука, на ташвиш... Ҳама ҷо ором. Ва ў ба андеша рафт, ки ин ҳама чӣ буд? Ҳамин қадарро медонист, ки хун – рўшнойӣ. Боқӣ ҳама он чизҳоро дид, ки дар бедорӣ ё дида буд ва ё аз сар гузаронида буд.
«Онҳо куҷо шуданд?» шарикон ва зану фарзанд ва Кебалини бародаркушро дар назар дошта, аз худ пурсид шоҳ Искандар ва бархоста сўйи ташноб нарафта аввал ба толори пазиро даромад, ки шояд нигаронаш бошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо