Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ё аз танҳойӣ. Ў ҳоло дарёфт танҳоиашро; на танҳо андар маснаду толор, балки дар зиндагӣ. Инҳо ҳама бегонаанд. Хунашон бегона. Нафаре нест, ки бо Файлақус ҳамхун бошад. «Онҳоро куштан лозим набудааст, инҳоро куштан зарур будааст. Барои Искандар, ба хотири шоҳ наомадаанд, балки аз пайи суде омадаанд...» Искандар аз дари паҳлўи тахт ба хонае гузашт, ки Барзину писараш хуфта буданд.
Ба ном хуфта буд Барзин, вале дилу дидааш бедор. Баробари дарро кушода, даромадани шоҳ малика барҷаст аз бистар. Дар торикӣ шўро намедид. Искандар низ чизеро намедид, ба ҳавои пой ҷойгаҳ меҷуст. Бўйи шамъи сўхта ва хомўшгашта мерасид ба машомаш. Ва дудааш димоғро хориш медод.
— Шамъро афрўзам, шоҳ?
— На. Рўз шуд.
Вале ҳоло рўз нашуда буд, аз сўхта хомўш гардидани шамъ тахмин кард, ки рўз фаро расида. Ва шоҳ на майли хоб, балки майли ҳавои тоза дошт.
— Шоҳ бояд бихусбад, ки кораш сангин буд.
— Аз куҷо донистӣ, Барзин?
— Аз сари буридаи Никомах.
— Гўш додӣ?
— На. Гўш надодаам, медонистам.
— Чиро медонистӣ?
— Овардани бародар сари бародарро.
Саҳл монда буд, ки фарёд занад шоҳ. Аммо фарқ накард, ки аз кадом ҷиҳат фарёд занад; аз он ки Барзин ҳамаро пешакӣ медонаду дуруст мегўяд ё аз он ки дунбола гирифта, ҳамаро огоҳ мегардад.
Ва аммо на ин гуфту на он, балки худро дар паҳлўи бистари писар андохт ва чизе маслиҳат накарда, хобаш бурд.
... Лошахўрони дербоз гумшудаи фазо аз нав пайдо гаштанд дар чархи баланд ва ғаши ўро оварда ҷувозак мегаштанд; қасдан сангосо ҷониби шоҳ фурў омада, меҳаросондандаш ва боз бодсурат боло мешуданд. Ва ин дафъа турнаосо қатор гашта, ҳуҷум меоварданд ва ташвиши ўро меафзуданд. Ў кишк мегуфту сари хешро ҳимоя мекард ва дудаста чашмонашро медошт, то нўл назананд.
Зеро минқори каҷи онҳо шастосо чашмро аз сар мекашид чунон ки моҳӣ аз дарё. Вале сарбозони тирандоз аз пари лошахўрон тир сохта, бар онҳо андохтанд ва мурғони баднамо тарсида паси диж хам хўрданд ва баъди андаке вақт як мурдаи бесарро бардошта паси кўҳҳо гузарониданд ва Кебалин тозон назди шоҳ омада зорӣ мекард, ки аз чанги он нобакорон раҳо кунад бародарашро.
— Ба чӣ кор ояд он тани бесар? – пурсид шоҳ.
— Сараш дар дасти ман аст, тан лозим, – посух дод бародар.
— Чаро куштӣ, агар ки гиристанӣ будӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо