Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва механдад шоҳи ба намуд порсӣ ва бадра меандозад сўйи сардори масхарабозон, вале зархалтаро дошта натавониста ва ё хуши доштан накарда, ба замин меафтонад ва сари дасти шарикро гирифта, ба шоҳ меёзад ва гиряолуд мегўяд:
«Сари бародарони худам, шоҳ...»
Шоҳ: Туро чӣ зарурате пеш омад, ки ба ин бераҳмӣ сари бародарони зоидаро ба боргоҳ овардӣ?
Масхарабоз: Зарурате набуд... Ҳамааш ба хотири шоҳам. Шумо ваъда карда будед, ки маро ба ҷойи сипаҳсолори кўрнамак сипаҳсолор таъйин хоҳед кард..
Шоҳ: Ман? Ваъда?
Масхарабоз: На-на! На ваъда... Балки ман чунин гумон карда будам...
Шоҳ: Гумон карда будӣ?
Масхарабоз: Бале, шоҳам. Гумон карда будам, ки шоҳ чунин амалиёти бузурги маро мисли корномаҳои Геракл қадр мекунанд ва маро озодӣ мебахшанд...
Шоҳ: Озодӣ? Чӣ гуна озодӣ?!
Масхарабоз: На-на! На маро озодӣ... Гераклро озодӣ. Он Гераклро, ки мисли ман ақл бохта зану фарзандашро кушта, аз ҷониби шоҳи мамлакат ба ҷазираҳои самти Ҷануб бадарға шуда буд.
Шоҳ: Масхарабозиатро мон! Ман ба оне ки зану фарзанд ё бародар кушта бошад, ҳеҷ гоҳ раҳм накунам, балки ҷазояш диҳам.
Ҷаллод! Қирёс!!!
Ва сарҷаллод Қирёс, ки саропояш олоту афзори куш аст, дар пояи тахт масхарабозро медорад ва ду сари бародарро бар китфони ў дошта тани сесараро пеш андохта, мебарад...
Ба худ меоянд, ки ҳама аз ҳаракат рафтор ва гуфтор монда, садои мусиқӣ хомўш гашта, ҳушу ёд ба саҳнаи кўтоҳи масхарабозон додаанд ва дуздида-дуздида ба шоҳ Искандар менигаранд, ки чӣ мегўяд. Вале рафтор ва ё ҳаракатҳои ўро то охир мушоҳида накарда, дар он ҷое ки масхарабозон тахти амонат сохта буданд, ҳанўз тахтро хидматгорон набардошта, шахсе пайдо мегардад ва бо овози баланд дод мезанад:
«Дар ягон замоне шоҳ ба раият хидмат накардааст, балки чун шуллук хуни мардумро макидааст!»
Чун ў низ дар рўй ниқоб дошт, ҳама пиндоштанд идомаи намоиш аст. Аммо шоҳ Искандар безобита шуд. Сўйи ниқобпўш нигарист ва дид, ки ханҷар дорад ва онро бозӣ медорад. Чун тамошобинон аз кирдори ў огоҳ набуданд, хаёл доштанд, ки ханҷар ба касе мезанад. Вале ў сухан мекард:
«Бовар накунед! Ба шоҳон бовар накунед! Ҳоло таърих чунин шоҳро назоидаст, ки ба мардум хидмат кунад! Ва умедвор ҳам нашавед, чашмдор ҳам набошед!.. Ман рост мегўям!..»

пешина
аз 411
навбатӣ