Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ҷунбиш ба миён омад. Ҳама безобита гаштанд, ки ин чӣ нағма? Рў ба шоҳ Искандар оварданд. Ҳайрон. Касе чизе намедонад, ки ин саҳнаи омода сохтаи ширинкорон аст ва ё касе аз саҳнаи онҳо истифода мебарад. Чунон хомўшӣ ба миён омад, ки шоҳ Искандар хешро гум кард ва нигарон буд, ки чаро ҷаллод амал намекунад. Ҳарфи он шоҳи сохтаро гўш дода пеш омад, он қотили бародаркушро дошта, ҳамроҳи сарони буридааш бурд, аммо ба ин ошўбгар чизе намегўяд. Якбора фарёд зад, ки касе чашм надошт:
«Масхарабозӣ ҳам ҳад дорад! Кӣ ба шумо ҳақ дод, ки шоҳро мазоҳ кунед?! Ҷаллод!»
Ва ҷаллод пайдо шуд сархуш. Рост наздики тахти шоҳ омад.
Шоҳ Искандар ҳарфе нагуфт, имои бурут кард.
Сарҷаллод Қирёс чунон ки ҷиддӣ сар баланд дошта наздики тахт омада буд, ба пошнаи пойи чапу нўки пойи рост ним давр гашт ба чап ва якрост ҷониби масхарабози ниқобпўш рафт.
Ниқобпўш аз омадани ҷаллод биму ибо накарда, ҳамчунон теғ бозӣ доронда, неши он гоҳ сўйи аҳли тарабхона рост мекард, гоҳ ба сари синаи хеш медошт.
«Наё!»
Таъкид ҷаллодро буд. Вале ҷаллоди сархуш меғуррид:
«Ту бозӣ бо кӣ кунӣ, масхарабоз?!»
«Агар сер аз ҷон шудайӣ, биё!»
Чун ҷаллод мисли каллабури саҳнаи ширинкорон чорафзор набуд, шамшери паҳлўи чап кашол кардаро аз наём кашид ва беҳушона шав-шув ба чапу рост ронд. Аҳли толор, ки аз ҳар тоифаи лашкару корвони мақдуниву юнонӣ буданд, худро пас кашиданд, то сари шамшер нахўранд. Гетерҳо дар пушти ёрони базм пинҳон гашта, аз паҳлў ба ниқобпўшу ҷаллод менигаристанд, то муборизаи онҳо бо чӣ анҷомад.
«Кистӣ? Рўй намо, то бенишон наравӣ!» – таъкид кард ҷаллод.
«Ин манам... Бенишон наям... Ту – хунхори хуношом эҳтиёт бош ва биталаб аз онҳое, ки беҳуда хунашон рехтайӣ, аз гуноҳат гузаранд. Ниёиш бикун ба руҳи онон, пўзиш бипурс аз онҳое, ки беҳуда ситам кардайӣ...»
«Ҳаҳ-ҳа-ҳа... Бузро ғами ҷону қассобро орзуи чарбу. Туро чиву маро андарз гуфтан чӣ?»
Бо ғазаб шамшер ба ҳаво ронд ва боз тамошобинони мабҳут пас-пас рафтанд аз ғами ҷони хеш. Ва ба гўши ҷаллод садо омад:
«Зинда бигир!»
Вале ду теғи нобаробар – шамшеру дашна рўёрў омада буданд ва касе намедонист кадоме пирўз мегардад. Медонистанд, ки пархош кори ҷаллод набувад ва Қирёс аз он ҷангиён набошад, балки шикам бузург карда буд ва аллакай ҳишша гирифта, нафасаш тангӣ мекард.

пешина
аз 411
навбатӣ