Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чунон ки ту. Лекин бигўй, ки онҳо чӣ гуна донанд, ки ту сари маро буридайӣ ва бояд оянд?
— Аз рўйи аҳд: бояд ман дар шохи тут шамъ фурўзон кунам.
— Фурўзон бикун...
— Чӣ гуна?
— Фурўзон бикун, ўро пешвоз бигир ва дарор ба боғхона, то сари маро бар ташт дида, шод гардад.
— Нааа!!!
— Ту матарс, ҳамчунон ки гуфтам, бикун, ман паси дар хоҳам буд.
Зарра ҳайрон ва карахт монд. Танаш ба ларза даромад. Китфонаш лоғар гашта, ғунча шуда, бемадор ба танаи гилдевори дағал лағзид, ки тахтапушташро ғозид.
— Чӣ шуд бо ту? Ман дуруст мегўям. Ту бояд ин корро бикунӣ ва ман ўро дошта, бинам, ки кист.
Зарра суханони шўро баркаш мекард, ки ба чӣ маънӣ гўяд.
Баъд танаш ба ларза даромад:
— Маро бикуш, Спитамон. Ман набояд чунин мекардам, бояд худро мекуштам, вале ба гуфти онҳо розӣ намешудам. Аммо ман туро нигарон шудам, то ту биёйӣ, гўямат ва илоҷе пайдо кунем.
— Агар маро нигарон будӣ ва барои ман ин корро кардӣ, бояд фармудаи маро низ бикунӣ.
— Надонам, ки дар ин тирашабон санги шарар дар куҷост ва шамъро аз куҷо пайдо кунам.
— Магар тайёрӣ надидайӣ?
— На, Спитамон... ман медонам, ки он шамъ ҳеҷ гоҳе фурўзон нагардад, аз ин рў омода нашудам.
— Биҷўй, пайдо шавад.
— На, Спитамон, пайдо нашавад. Зеро ин чизҳо дар ин хона нест.
— Пас ба онҳо чӣ гуна ваъда додӣ?
— Ман медонистам, ки рўзе хоҳӣ омад. Ва то ту наойӣ, ин кор нахоҳад шуд. Илоҷи ин корро танҳо ту донӣ.
— Агар ман донам, гуфтаи маро бикун.
— Бовар бикун, Спитамон, нест он чиз, ки бояд.
Пас Спитамон аз анбони сафарӣ санги шарар баровард ва шамъе. Санг бар санг зад чу Ҳушангшоҳ ва оташ афрўхт, шамъро фурўзон кард. Дод ба дасти зан, то дар шохи дарахти тут биовезад.
— Спитамон! Онҳо зиёд бошанд, чӣ шавад?
— Биовез!
Зан ончунон кард, ки бояд мекард.
Вақти зиёд гузашт. Шамъ сўхта, тамом мешуд. Ва яке садои саги ҳамсоябоғ баромад. зара тарсону ларзон дами дар баромад.

пешина
аз 411
навбатӣ