Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Спитамон олуғда шуд: ҳам аз тарзи гуфтор, ҳам аз ноҳурматии зан, ҳам аз хобида сўҳбат кардани ў:
— Картасис фармуд?
— Кист ў?
— Сипаҳсолори Искандар.
— Нашиносам.
— Кен?
— Кист ў?
— Сипаҳбади Искандар...
— На, нашиносам... Ў ба рўй чарм кашида буд, танҳо ду чашмаш метофт.
— Чӣ гуфт?
— Он чӣ гуфтам.
— Пас чаро сари маро нагирӣ?
— Агар куштанӣ будам, нагуфтаме... Ту бохирадӣ, Спитамон.
Ҳарфи зиёд лозим набувад.
Спитамон сар андохт. Сарфаҳм нарафт чизеро. «Бозист ё яқин аст? Ва ё дилгир ва олуғда гашта зан аз ману аз дунё? Магар сер шуда аз ҷон?» Ангехт хуни ў. Бардораш кард. Ҷўшид мағзи сараш.
Шамшер кашид аз наём, то ду ним созад занро. Ва боз хирад боло гирифт, ки шояд Аҳриман бардораш кунад.
— Чанд будааст баҳои сари ман?
— Надонистам.
— Магар нагуфтанд, ки ба ивази фулон толон сари шавҳаратро биёр?
— На. Толонаш чӣ?
— Ин як миқдор зарест, ки Искандар барои он аз Мақдуниё ба ин ҷо омадааст.
— На, Спитамон, чизе нагуфтанд. Онҳо нарху қимати сари туро надонанд, инро танҳо ман донам.
— Хуб, чанд?
— Он қадар, ки замин вазну қимат дорад...
Суст шуд дасти Спитамон. Шамшер хам хўрд. Вале ял бовар накард. Зеро зара он зани суғдӣ, ки ў шиносад, набуд. Зани бегонаи фармуда, ки каҷдору марез кунад бо шў. Неши шамшер ба замин зад, саҳл монда буд пояшро шикофад. Гўё дар ин миён ҳарфе нашуда, фармуд:
— Ман бояд биравам.
— Моро низ бубар, вагарна мекушанд...
Спитамон боз дами дари боғхонаи бобоии Кўҳак пойи рафт боздошт:
— Паймон чӣ шавад?
— Кадом паймон?
— Паймон, ки сари маро ба онҳо бидиҳӣ?
— Агар ту дар чунин ҳолат афтода будӣ, чӣ мекардӣ?

пешина
аз 411
навбатӣ