Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳарфи зиёд магўй! – таъкид кард шў.
Фурсатҳо гузашт ва сиёҳиеро нури хираи шамъ соя андохт. Ва ў он ҷо қарор гирифт. Зан имову ишора кард, ки дарояд. Марди ниқобдор наздики дар омад. Ва тўрид. Зан ба дар омада, гуфт:
«Бо табар задам, гарданашро бурида натавонистам.» Мард бовар кард ва сар хам дошта даромад.
Спитамон ханҷар ба пушти ў зад ва чарм аз рўяш кашид. Дар партави хираи чироғ ўро шинохт: Оксарт, ки дар Мароқанд девордармиён зиндагӣ мекарданд. Спитамон теғи дигар зад ва пурсид:
«Туро кӣ фармуд?»
«Ҷаллобҳои мароқандӣ.»
«Нархи сари ман чанд будааст?»
«Надонистам, онҳо донанд.»
«Ҳамроҳ дорӣ?»
«На!»
«Дорӣ?» – ханҷар кашида боз зада пурсид Спитамон.
«Нафаре ҳаст.»
«Кӣ?»
«Ҳамсояи дасти чапат.»
«Ў ба чӣ ишора ояд?»
«Ў наояд. Асбон дорад.»
Спитамон дигар пурсу пос накард. Либоси ўро кашид. Сараш гирифт. Бар ташт гузошт. Рўяшро бо латтае пўшид. Либоси худ низ кашид. Либоси ҷосус пўшид. Ва таштро бардошта назди асбон рафт. Ҳарфе нагуфта ташт ба «ҳамроҳ» дароз кард. Ў таштро гирифту рў гардонд. Спитамон бо шамшер сари ў низ парронд. Ва асбонашро аз шохи дарахт кушода, ба роҳи омадааш ронд. Асбҳо каме рафтанду бозистоданд ва сайҳа кашиданд, кишна карданд.
Баъд гулдурросзанон кўчабоғиро нишеб шуда рафтанд.
Ў писарашро пеши зин гирифт ва занашро пушти хеш бар асб нишонда, бо канори Кўҳак роҳ пеш гирифт ҷониби Кўҳистони баланд. Дар ягон ҷо манзил нагузид. Назди ҳамроҳон ва ба қароргоҳ низ нарафт. «Ҳоло вақт ҳаст» аз дил гузаронд ва роҳи Ғори Суғдиёнро пеш гирифт. Рафту рафт, рўз шуду шаб. Ба шахи баланде расид, ки танҳо уқоб метавонист нишеман кунад. Ў аввал дур рафт, асбашро инон тофта, боз пас омад бо баландӣ. Дар тори шахи фалаксо асбро баст. Бо уреброҳаи борик, ки бузони кўҳӣ ё гурезагон роҳ карда буданд, рў ба шимол, дасти писарашро дошта ва занро «ҳушёр бош!» гуфта хеле роҳ рафт. Кўза ба даст чанд тан аз пеш баромаданд: «Барои об равем».
Ва он ҷо суғдиёни мусаллаҳро дид, ки пеш омада касро муоинаву тафтиш мекарданд. Аллакай ғори бузурги ба рўзи мабод пайдо кардаи суғдиёнро ашрофзодагони мароқандӣ ва суғдиёни қадоба пур карда буданд. Занону кўдакон ва мардони обрўманди солдида низ буданд.

пешина
аз 411
навбатӣ