Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ғори бузургу фарох, ки ба назар пешгоҳ надошт, танҳо пардаи сиёҳ пешгоҳи онро девора гирифта буд, гурезагони зиёдро мегунҷонд. Ва ҳар кас барои хеш ҷой мегирифт ва чун рамаи гўсфанд зичу шафат ба сар мебурданд айём.
Овардани ҳоким зану фарзандашро ба ин ғор беҳуда набуд.
Маълум шуд, ки сипаҳсолори суғдӣ таҳлука дорад ва хатареро донад. Коҳинони суғдӣ об ба даҳон гирифта, аз пешомад ва қисмати суғдиёну сарвари он Спитамон чизе нагўянд. (Вале сарраммол Аристандри юнонӣ ҳар гоҳ димоғи Искандарро хуш доштанӣ шуда аз пирўзиву «оламгир» гаштани шоҳ Искандар гуфтору гузориш кунад.) «Бифармо, Спитамон! – Рўзбеҳи ашрофзода дами ғор пешвоз гирифт сарварро. – Омаданат дарак диҳад аз ноомади кор.»
«На, Рўзбеҳ... Ман омадам, ки охирин донаро аз тухмаи Ҳахоманишиён ва суғдиён ин ҷо нигаҳ дорам. Ана инро, Ардашерро...»
«Дар паноҳи Ҳурмузд бод... Ва худи ту чӣ кор бояд бикунӣ?»
«Ба ҷанги Искандар равам, то интиқоми суғдиён биситонам».
— Агар интиқом нагирӣ, намешавад, Спитамон?
— Ман нагирам, кӣ гирад? Ман ба ашрофзодагони шаҳрӣ ва иттифоқчиён бовар надорам. Онҳо дар нахустин таҳдиду даранг тавонанд ҳама чизро фурўхтан.
— Агар чунин, пуштбонат Худо бод!
Спитамон ба чунин дуои пирон даст сўйи осмон бардошту ниёиш кард, омурзиш низ пурсид. Пасон писари дўстрўяшро канор гирифту бўсид ва ба китфаш каф гузошта афшонд: «Интиқомро ту бояд гирӣ!» Писар ба қомати баланди падар нигарист ва бо ифтихор китфонаш боло шуданд, ки падари бузургу номдор ўро бовар дорад. Пас якбора ҷасту ба гардани падар чу овеза часпид, ки барои ҷудо кардани он ситораи осмон кандан лозим мешуда бошад.
«Сабр бикун, Ардашер, туро чизе диҳам.»
Тўмори секунҷаи симин, ки ҳар гоҳ писар дар сари синаи падар бозӣ медоронд, миёни ҳар ду монда буд, Спитамон гирифта наметавонист. Ў даст дароварда, аз чоки гиребон пайдо кард тўморро ва кашида ба писар намуданӣ шуд. Аммо чашмони Ардашер пўшида, ба он чиз нигоҳ кардан нахост.
«Нарав...»
Бехи гўши падар нафаси писар баромад. Ва ў низ паст гуфт, то дигарон нашунаванд:
«Нарафта нашавад...»
«Нарав...»
«Мулкро оташ зананд. Дар оташи худӣ худамонро сўзанд...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор