Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ашк ҳалқа зад дар чашмони обии Спитамони род, ки кам рух медод. Чизе гирифт гулўяшро. Фурў бурданӣ шуд донаи бозмондаро, вале андармон буд донаи ғам. Часпак, ширешвор андар гулў монда ва роҳи рафт надорад.
«Хайр...»
Паст гуфт Спитамон. зара дарёфт, ки садояш меларзад. Гиряолуд. Гиряи чашму вуҷуд на, дилаш ларзон аст. Зан аз ҷой барнахост. Фақат сар ҷунбонд. Мардони дигар то дами ғор гуселаш карданд.
«Худо ёру мададгор бод!»
Дар сар ҳазору як андешаву хаёл, ситоми бора ба сўе гардонд, ки нигарон буданд ёрон. Ҳанўз ба гўшаш садои писар буду зории зан ва миёни дидагонаш ғаши ўву рухсати рафтан надодани Ардашер. Фоли хуб надонист рафтору кирдори писарро. Аммо вазифаи муқаддаси хеш донист, ки биравад. Ҳарчанд миёни ёрон нафаре ғайр набуд ва массагетиву скифҳо набуданд, таги дилаш ҳам оташ дошт ва ҳам дуд. Ҳамин дуд сиёҳӣ овард дар замираш.
Суханони зараву омадани ҷосусон ва боздоштани тифл сахт парешонаш кард. Ҳолиё на Спитамони далеру диловар ва родмарду ял, балки як нафар тарсуеро мемонд, ки нахустин бор ба корзор равад. Дилаш ваҳмак шуда, кам-кам ларзон гаштааст, ки ана-ана кушанда пайдо шавад аз буни харсанге, аз пушти дарахте, хамгарди роҳ, ҷару ҷўе ва ё аз осмон. Вале дер напойид ваҳм андар дили қавии ў. Хешро афшонд. Рўйи пўсташ мурғак дамид, сард гашту осуда шуд.
Чун ёрони чашмдорро дарёфт, машварат карданду маслиҳат ва кашиданд нақшаи аз Мароқанду Суғд рондани Искандарро. Боз биомехт бо скифҳо. Зеро илоҷ ва ёри дигаре пайдо набуд.


Овозаи омадани Спитамон ба Мароқанд пештар расид аз худи ў. Искандар сипаҳсолор Кенро бо сипоҳу дастаҳои зиёд дар Суғд гузошт ва худ ба кўҳи Навид рафт, то зимистонро осуда гузаронад.
Зеро роҳату фароғаташро дар Бохтар яли суғдӣ миёншикан карда буд. Спитамон чу донист рафтори назарбаландона ё назарфиребонаи Искандарро, ки далерро паст зада ва ё кирои набард надониста, рафтааст ба кўҳи Навид, ғазаб кард. Боз массагетҳоро ёр гирифт, ки ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур. Сипоҳи сеҳазораи скифҳо ҳамроҳ шуда буд ба дастаи Спитамон. Аз ин рў ў сипоҳи дар Мароқанд мондаи мақдуниву юнониро ҳақиру нотавон дониста, якросту якҳукм бирафт сўйи пойтахти суғдиён.
Лашкари Кен баромад ба пешвози ў. Ва якбора шайпури ҷангӣ навохтанд ва табира заданд. Чунон омехтанду овехтанд, ки Спитамон чашмдор набуд. Тирагард арзро бидўхт ба само.

пешина
аз 411
навбатӣ