Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Спитамон парешон буд, ки фирефта гашт ба овозаи шаҳрро тарк кардани Искандар. Фирефтатар шуд ба ҳамроҳ гаштани скифҳои бо Искандар паймон карда. Гарчӣ пешрў шамшер мезаду синон, бим аз паси сар дошт, то скифҳо бадкирдорӣ накунанд. Буд-набуд Спитамон ба зарбаи сахт дучор омад. Ў фирефта шуд ва анг монд. Кени сипаҳбад аз рўйи дастури Искандар ҳама гуна усули ҷангу найрангро истифода мебурд. Ончунон биҷангид, ки ҷўйбори хушкидаи Мароқандро хун ҷорӣ шуд. Спитамони ноогоҳ якросту якзарб ҷангида ба қалби сипоҳи Кен даромад ва хешро дар иҳота дарёфта, осема гашт ва дудилагиву калавиш ба миён омад. Бесарусомонӣ шуд андар сипоҳу дастаҳои ёвар ва иттифоқчиён. Чунон ки гоҳи ба танг омадан саг соҳиб наёбад, сарбозони суғдӣ сарвар гум карданд. Гурўҳ-гурўҳу даста-даста суғдиёну бохтариҳо ҷониби Кен гузаштанд. Талу теппаҳои Мароқанд мурдапўш шуд.
Массагетҳо низ ҷангро пазируфтаанҷом пиндошта ба талаву тороҷ ва ғорат пардохтанд; чунон шуд, ки бунаву колои қофилаи иттифоқчиёни хешро ба яғмо бурданд. Спитамон чизе нафаҳмид.
Ҳатто намедонист, ки овард кунад ва ё тамошо. Чун дар чаҳорсў дид хешро, ҷуз фирор чорае пайдо накард. Гурехт ҷониби биёбон.
Баъзе иттифоқчиёни ватанпараст ҳамроҳаш буданд.
Шабгун гўш хобонда, дум бардошта ва хеле борик гашта андар биёбон чаҳорнаъл буд, то дами бодро гирифта такаш суст нагардад. Миёни боди зимистону ҳавои нам сармо кора дошт устухонро. Ва ў эҳсос накарда тозона мезад асбро, то зудтар ба канори биёбон ояд ва Яксартро убур карда, байни массагетҳо паноҳ барад. Аммо ғашу ба гарданаш часпиданҳои писараш Ардашер ва гуфтаҳои зара ёду пеши чашмаш меомад. Зан дар бораи скифҳо гуфта буд ўро. Он, ки суғдиён ва бохтариҳо дар лаҳзаҳои танг ўро хиёнат кунанд, забон накушуд. Лекин ҳолиё аз хеш пурсад: «Аз чӣ рў?» Посух набувад. Суғдиёни ашрофзода набуданд, бохтариҳои асилзода нестад, ки аз Искандар мансабу вазифа ва ё ҷоҳу ҷалол хоҳанд. Ё ҳама найранг аст; аз кирдори Искандар то хиёнати ҳамнабардон ва ё аз буздилист; ё барои ҳифзи ҷони хеш.
Спитамон ёд меорад сӣ тан миллатдўсти ватанпарасти суғдиро, ки дар зери ҳалқаи дор чӣ сари баланд доштанд; баландтар аз пояи дор. Яке ба худ омад, ки ба ёди онон сар андохта... Сар боло гирифт. Ва Танаиси минўранги софро дид. Рўй шуст. Сардии форамеро эҳсос кард. Назар ба атроф андохт. Бегона дарёфт ҳамаро. Гўё оби ҷонбахши рўд ўро бедор карду ба худ овард; шинохт ҳамаро: мавзеъро, скифҳои дурўяро, Ҳамнабардонро.
Боди сахт талотум кард якбора ва оби рўдборро пош медод берун аз рўдхона. Хуршед нопадид. Осмонро чодари сиёҳи мотамӣ пўшида. Ва аз зери он сардбоди самум вазад. Хушк, сард, корагар.

пешина
аз 411
навбатӣ