Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Гўйӣ сияҳбод бувад. Дере нагузашта рўйи рўд коша баста, замин заранг гашта. Ба назари Спитамон андар биёбони барфпўш сайгаке пайдо шуд, ки тамоми саворон аз пайи он тозанд. Дида буд ў аз пайи як заргўши сапед галаи гургон тохта, чоку барчок карда, барфро чу холе лоларанг гардонида ва баъд аз нарасидани тўъма якдигарро дарронда буданд.
Манзараҳо аз пеши назараш дур нагашта ва илоҷи воқеа пайдо накарда, як даста саворони массагетӣ расиданд аз он сўйи Танаис, омехтанд ба фавҷи Спитамон. Ҳарчанд таги дилаш ноҷўр буд, пиндошт, ки онҳо ба кўмак омаданд. Онҳо рў ба рў на, балки иҳота гирифтанд дастаи суғдиёнро. Якбора шўру мағал бардоштанд, ки ҳайратангез ваҳшиёна буд. Тирборон карданд ва Спитамону сипоҳаш дасту по хўрда, чӣ чора андешиданро надонистанд. Чунон буд, ки на роҳи гурез, на илоҷи воқеа, на забони оштӣ доштанд.
Сари суғдиён ҷуз ҳарфи зану рафтори писар чизеро ёд оварда натавонист. Пасон як зўре, нерўе дамид дар танаш. Пархош кард.
Лоларанг гашт барфи сапед аз хун. Ҷавшану кулаҳхўди ҷангии Спитамон тиру найзаву дами шамшерро бозмедошт. Ва ў шамшер меандохт қаҳрамонона.
Шабгуни размдида ва рамузфаҳми ў сайҳа кашида чароғпоя шуд, то дасти касе ба савораш нарасад. Асбу саворони дигарро зери сум гирад. Чароғпоя шуд сўйи осмон, то ҳалқаи қавии массагетиро гусаста, бурун аз доира ояд, натавонист. Тирҳо бархўрданд зери шикамаш, найза расид. Тирҳои заҳрогин кора карданд танашро ва ў натавонист ба по истад. Вопасин бор сайҳаи талх кашид, ки рост шавад, зўраш нарасид. Биафтид ба зону. Спитамон низ ба сар рафт. Ва қомат рост накарда, чанд тан массагетӣ аз сари зинҳо парида пахшаш карданд. Спитамон он чанд танро сари китфу бозувонаш бардошта хест. Чу гарди либос афшонданӣ шуд.
Эшон чу кана часпида будандаш... Ҳамгўшаҳо ягон-ягон аз ҳалқа бурун мешуданд, ки гўйӣ скифҳо ононро кордор набуванд.
1 Ғаниме скифӣ ханҷар бизад ба дамгаҳи ҳузарб, ки гоҳи алвонҷ хўрда канаҳоро аз тан афканданаш бараҳна гашта буд. Хуни зиёд шорид аз захм. Мадор суст шуд Спитамонро. Тавони набарду ҳанги ситез намонд. Биафтод рўйи барфи сарду сапед ва такя бар танаи гарми Шабгуни вафодор зад. Пахш карданд чунон ки гургон сайдро. Осмон тира буд ва онҳо бар сари ў рехта тиратар карданд. Яке онҳо дур шуданд ва як деви сиёҳи дароз тори сараш омад ва хандид.
«Картасис! Сараш бигир!» – чанг-чунг расид ба гўшаш, ки забони онҳоро омўхта буд, аммо дилашонро надониста.
- Ғаним – душман, рақиб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор