Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Спитамони далер оне мурдаи Доро ёд овард, вале он лаҳза зуд гузашта, пеши назараш даҳонаи сиёҳи Ғори Суғдиён омад. Хандаи ваҳшиёнаи иттифоқчиён сахттар расид аз теғ: «Худовандо, зўр ато бикун, то шиканам хандаи эшон дар лабонашон...»
Вале ба ҷойи зўр ато шудан дарёфт, ки чизи тезу сарде ба гулўяш расид ва ҷуз ҳамин сардӣ чизе дар хотираш намонд. Сараш ҷудо шуд аз тан. Дар оинаи чашмонаш сурати зану писараш боқӣ монд ва ғори сиёҳи Суғдиён.
Пой мезаду ҷон меканд. Барфро мехарошиду мепошид ҳар сў.
Аз хуни гармаш барф зуб гашт ва доғе боқӣ монд, ки дар ҳазор сол як бор пайдо гардад чунин доғ...

БАНДИ ҲАФТУМ

Чун сари сипаҳсолори суғдӣ Спитамон расид ба дасти Искандар, шоҳи ҷаҳон чашмони бози ўро дида сахт хандид, шодмонӣ кард ва ҳамон зайл ҳайрон монд. Ҳайрон монд, ки ў зинда ва ҳар коре шавад ва ҳар кӣ бошад, хоҳад дид. Бавижа Картасисро, ки паҳлўи шоҳи мақдунӣ нишаста аз барори кори хеш меболид ва назди малик рўсурх буд, ки паймон нашикаст. Гумон низ дорад, ки маликуррум сарвари скифиҳоро сатрапи Суғд низ хонад. Аммо шоҳ ба пирўзиву шодмонии хеш андармон аст ва ин чизҳо дар гумонаш набувад. Ҳайраташ аз чашми бози сари Спитамон, ки чӣ хоҳад. «Чаро чунин?» пурсад аз Картасиси шоҳи массагетӣ. Ў нафаҳмида ва пай набурда, китфон дарҳам кашад: «Нафаҳме.» Пас Искандар ангушт ишора ба сари Спитамон кунад ва ба чашми хеш молад. «Чаро молида напўшонидӣ?»
— Ҳааа... Овардам, ки шоҳи ҷаҳонро ба чашми худ бинад...
Гўё хушгўйӣ карда Искандарро хандониданӣ шуд.
Воқеан Искандар хандид; на ба сухани ў, балки ба тарзи ифодааш ва гоҳи хандидан чашмони тангаш тамоман пўшида гаштанд, ки хандаи шоҳро овард. Чашмаш ба чашми кадом ҳайвон монанд.
Ба чашми гург ё рўбоҳ, ё кўрмуш бошад? Риши тор-тораш ҳам ғариб. Гўё худованд дар ҳамин ҷиҳат хасисӣ карда, риши ононро ба бузон додааст, ки ришдор ба дунё оянд. Дандонҳои зардчаи мисвокнадида низ ғашовар. «Такка бошаду шир диҳад» аз дил гузаронд Искандар. Вале чизи дигар гуфт:
— Барои далерии скифҳо!
— Тасаккул, соҳи жаҳон! [Ташаккур, шоҳи ҷаҳон!]
— Ин кор танҳо аз дасти шумо скифҳо меомад.
— Тасаккул, соҳи жаҳон!
— Дигар ҳеҷ кас чунин дилу гурда надорад...
— Тасаккул, соҳи жаҳон!
Сар андохт Картасис ва ёдаш омад, ки Искандар метавонист бикушадаш. Картасис бародараш Сатракро кушт, шоҳ ўро сарвар кард.

пешина
аз 411
навбатӣ