Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ҳолиё ҳар қадар саҷдаву тавозўъ оварад, кам бувад. «Тасаккул! Тасаккул! Тасаккул!»
Аммо базми пирўзии Искандар танҳо барои Картасис набувад. Ў шаҳрдорҳо, сатрапҳо, волиёни вилоятҳои наздикро хондааст; асилзодаву ашроф ва касони намоёни музофотро даъват кардааст ҷуз суғдиён. Зеро суғдиён мотам доранд ва касе дар шаҳру русто намонда. Ҳама парешу пароканда шуданд ба кўҳистон – ба ғору камару вартаҳо ва ба вилояту мулкҳои бегона.
Ё тухмашон парешон ба олам гардад ва ё ба тухму тухмаашон қирон ояд. Аз ин рў Искандар ҳайрон буд чӣ кор бикунад. Агар ягон ашрофзодаи суғдӣ дар Мароқанд монда бошад ва ҳузур дошта бошад, аз онҳоест, ки Искандар ба ин мулк нарасида Суғду суғдиёнро якҷоя фурўхта буд ва ё ҳамхуну ҳамгўшаи Спитамон
1 набуд. Оби Фушун аз ин рў хинг ояд. Обҳои поку софу зулоли сарчашмаҳои баланд, ки гил полояд, ба пастиҳо ҷорӣ гашта шарм аз кирдорҳо дошта, гилолудаву хинг гардад, то зараҳои зарашро нокасон набинанд.
Аз базми пирўзии зимистони соли сесаду бисту ҳашт ба бисту ҳафти то милод танҳо Искандар комрон буд ва Картасиси скифӣ шодмонӣ дошт, ки қаҳрамонӣ кард. Дигар ҳама дамбадарун буданд.
«Дўстон ва меҳмонони арҷу азиз, қаҳрамониҳои шумо назир надорад. Бадтарин душман Спитамони Суғдӣ, ки охирин намояндагони давлати Ҳахоманишӣ – Дорои Саввум ва Бесуси Бохтарӣ аз дасти ин роҳзан мурданд, ба қатл расид. Вале ҳоло ҳам ў аз хун сер набувад ва бо чашми боз менигарад... Ҳолиё бояд шодмонӣ кунем, ки лашкари мақдунӣ дигар душман надорад!»
Ба назари Искандар сари Спитамон хандид ва ў ҳаросида гўшаи чашм кард.
— Парда андозед ба сари ў! Пинҳон кунед дидори шумашро!
Ҳамон замон бар ташт сарандоз кашиданд ва сари Спитамон симои пайкараи хурде шуд, ки баъди гуфтору гузориш Искандар парда аз рўйи муҷассамаи таърихӣ мекашида бошад. Ҳамин буд ягона пайкарае, ки яли тановари суғдиро гузоштанд, аммо Искандар дигар ин дидорро ба касе намоиш надод.
«Ҳоло ҳаст аз тухмаи Ҳахоманишиҳо!»
Садо омад. Искандар чандон фаҳм накард ва пурсид аз тарзабон:
«Чӣ мегўяд?»
«Мазмун, ҳанўз тухми Ҳахоманишиҳо пок нашуда.»
«Кӣ?»
- Фушун – Афшон, Зарафшон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор