Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Искандар шахси луқма андохтаро пурсид, посухи дигар омад:
«Писари Спитамони суғдӣ!»
Искандар рағбат зоҳир кард:
«Чӣ фармудӣ? Бифаҳмон!»
«Пури Спитамони Суғдӣ Ардашер аз тухмаи Ҳахоманишиён бувад!»
«Чӣ гуна?»
«Зани Спитамон духти Ардашери Дуввуми Ҳахоманишист!»
Ва Искандар ба хаёл рафт. Пасон ба Картасис нигарист. Ў пиндошт, ки шоҳ ин амалиёт низ фармояд эшонро, дандоннамо хандид ва «Тасаккул!» гуфт. Ду каф ба ҳам оварда, миёни ду чашм дошта таъзим кард.
«Дигар дар сарзамини Согдо оташи шўру балво забона нахоҳад зад!»
Баланд эълон дошт Искандар, ки дар ин бора сухан накунанд.
Ҷомҳо баланд гаштанд. Садои мусиқӣ боло шуд. Толор ончунон буд, ки дар базмҳои пешин. Вале чизе халалгор низ буд. Он шўру шараре, ки дар базмҳои искандарӣ буд, ин бор коста метофт. Зеро сарзамин мотамзада. Дар ин марз ҳама чиз аз замин боло шавад чу сабза, ҳатто оҳангу мусиқӣ ва сухан. Гарчӣ Искандар аз Юнон оварда ҳамаро. Ин бумро чизи дигар мебод. Омада ва овардаҳои самовӣ низ заминӣ гарданд. Ин нуктаро шоҳи мақдунӣ надонад ва пайхас накунад. Аммо дарк кунад, ки чизе халалгор бувад.
Шояд он ҳайкалчаи аз ташт як ваҷаб боло бошад, ки ҳавои айшу базми ўро дигар медорад. Шояд ў низ дар Юнон буд, худо, нимхудо ва ё қаҳрамон хонда буданд. Вале Искандар роҳзанаш хонд. Ҳеҷ роҳзан мулки хешро ҳимоя накарда. Роҳзанон, дуздон, нобакорон худо гўянд, то мулк вайрон гардад, нобасомониҳо шавад ва онон бурд кунанд...
...ва аммо андар сарзамини Суғд – Мароқанду Кирополу Политимет оташи барафрўхтаи Спитамон ҷо-ҷо дуд мекард ва зери хокистар лухе буд.
Искандар медонист чунин вазъу ҳолро. Аз ин рў бовар надошт касеро. Фориғи базми пирўзӣ сатрапу шаҳрдоронро эълон кард, ки ҳама тозаву нав буданд ҷуз Картасиси массагетӣ. Ба маънии суол дерёз нигаристаш. Картасис боз хандиду ба хидмат омода будани хешро вонамуд кард: таъзим овард. Искандар ишораи ангушт кард то пеш ояд.
«Зану фарзандони ў дар куҷо?»
Аз саргўшии шоҳ хидматгор маънӣ гирифт ва барои ба ҳама рўшод нашуданаш «Тасаккул! Тасаккул!» гўён пас-пас рафт.
Шоҳ низ ором ва ногумон ба базми дубора оғозид. Онҳое ки базмро анҷомпазируфта пиндошта бадар рафта буданд, боз даромаданд ба тарабхонаи мармарӣ ва кандакориҳои суғдиёна.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор