Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Модархондаи гетерҳо Ланикаи дояи Геракл низ аз дастафшониву покўбиҳои шоҳи сархуш ба ваҷд омада, хиромон гашт.
Аз чӣ рў Барзин ҳаваси арғушт надошт. Вале Геракл ҳар дам ба модар менигарист, ки ҳаваси рақсидан дорад. Аммо модар даст ба гардани ў гардонида пас мекашид, ки ба скифҳо наздик нашавад.
Ҳоло онҳо низ ба рақс даромадаанд бо шоҳ ва миёна гирифта, қарс ба покўбиҳои ў зада, бод диҳанд дўстона ё душманона. Шоҳи ҷавон ин ҳамаро ҷиддӣ пиндошта ва гоҳ-гоҳе сўяшон нигашта, мастона зону хам карда ва гоҳо ба як по чарх гашта ҳунар намояд.
Скифҳои «бовафо», ки тамоми базмҳояшон чунин бо кафкўбиву садои гулў оҳанг мегирад, хуш карда чунин базмро, баробари шоҳи пирўз дунба ҷунбонанд. Вале шоҳ пай набарад, ки варорўдиҳо гуруснатар аз гургон чун нигаранд гетерҳоро.
«Ҳарфи мард яке!»
Садои мастонаи Искандар боло гирифт.
«Яке! Яке!»
Посух низ омад.
Ва аз миён сари Спитамон гум шуд. Ташти хунолуд паҳлўи тахти равони суғдӣ, аммо сари сарварро рабудаанд.
Дер огоҳ карданд Искандарро. Вале ў аллакай аз ҳолат рафта буд ва ба гўшаш номи Спитамон ҳам намедаромад. Гоҳе ў ин кирдорро фаҳму дарк кард, ки рўз шуда буд. Вале сарро аз ҷое пайдо накарданд. Завқ кард дар дил, ки аз назараш дур шуда он сари пеши чашмаш нозебо. Вале дониста наъра мезад, ки дар шаъни шоҳи ҷаҳонгир хуб нест, ки сар аз пеши дидааш бурда бошанд.
«Агар пайдо накунед, ин сари сархўр бисёр сарҳоро бихўрад!»
Ва Коллисфени таърихнигор намедонист, ки ин рухдодро чӣ гуна қаламдод кунад, зеро ҳар ҷо, ки бо Искандар буд, рухдодҳоро қаламдод мекард, ҷое ки дар ғоиби ў шўру исёну балво ва ё ҷангу ҷадал рух медод, аз рўйи шунидаҳо менавишт. Баногўшиҳо, шикваю шикоят ва норизоии мақдуниёну юнониҳоро дар ҷое нанигошта буд, то ба чашми шоҳ нахўрад ва гўшаш нашнавад.
Дар ёд мегирифт ҳамаро. Гоҳе ки нобарорие пеш меомад ва ё аз ҷониби шоҳ сарзанишу носипосӣ медид, андеша мебурдаш: «То Юнон мебурда бошам ёдҳоро?» Баъд баъзе чизҳоро ба Биталомус гўшзад мекард, ки ё нигорад ё дар ёд дорад.
Искандар бедор шуд. Сараш вазнин ва дардманд метофт. Аз болин сар набардошта гўш дод: ғал меомад. Пиндошт суғдиён барои сари пешвояшон шўридаанд. Сар бардошта гўш доду диққат, на ғал буд, на мағал. Хомўшӣ буду оромӣ. Ў намедонист, ки андар шаҳру русто суғдие намонда, ҳама дар ғурбат афтодаанд:
харсавор ба кўҳ рафта буд, асбсавор ба мулкҳой дур ва пиёдагон ба камару бешаҳо. Суғдии шаҳрнишин кўҳнавард шуд ва биёбонгард. Оромиро фоли нек донист ў ва дар сараш ҷуз симои Спитамони суғдӣ ва орзўи дидани зану фарзанди ў чизе набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор