Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Монанд... монанд... монанд... Рахшон! Ман падаратро пурсам, ки бо розигии Урмузд туро насиби ман гардонад, чӣ гўйӣ?
— Агар Аҳура Маздои бузург розист ва маро лоиқи ту донад, ҳама мувофиқанд. Лек Аҳура Маздо ба ин кор розӣ нахоҳад шуд, зеро ту ҳама расму оини моро поймол кардӣ.
— Чун?
— Худовандони мо дигар-дигаранд. Мо худои некӣ Аҳура Маздоро саҷда барем, шумо Зевси Барроқро.
— Магар барқу оташ як чиз набувад?
— Монанд, вале ҷудогонаанд. Мо сулҳу оштӣ хоҳем, шумо ҷанг ҷўед.
— На, саҳв кардӣ, Рахшон. Порсҳо Юнонро зеру забар карданд. Отинро оташ заданд. Ҳамаро рабуданд. Мо сўхтанро аз эшон омўхтем.
— Пас шумо қасди порсиёнро аз суғдон ситонед?
— Чӣ фарқ дорад? Ҳама аз Офтобнамоед!
— Рост гўйӣ, ҷаллодро чӣ фарқ, ки киро кушад. Барои ў хун рехтан муҳим бувад, на киро куштан.
Искандар хомўш монд, ки чаро ин духтар ҳамзабон шуда бо ман. Чун нигарист; рафта ҳама ва чанд ҷондори шоҳ дуртар нигарони Искандаранд. Ба танг омада шоҳ. Хун дамида ба тану сараш. Ишора карданист, ки бибаранд ин духтари рўйинатанро.
Чизе забону чашми ўро аз ишораву фармон боздорад.
— Ай родмард! Агар расам туро, аз ҷангу ҷидол даст кашӣ?
— Ман шоҳам, ту – асира. Ман бояд шарт гузорам, на ту.
— Дар оини мо шартро духтар гузорад, на шоҳ.
— Шарти ту шарт набувад, Рахшон, зеро ман писари худоён
– Зевс ва Аммонам. Онҳо ваҳй дода маро, ки ҷаҳонгир шавам.
дар ҳама нуқоти рўйи замин сухани ман пеш бошад. Пас чӣ гуна сухани худоён ба хок занам?
— Пас нерў бояд ба кор бубарӣ!
— На! Духтарро зўрӣ кардан кори бозуи ман набувад!
— Пас чӣ бояд кард?
— Ман туро чун маликаи суғдӣ хоҳам пазируфт.
— Дину оини суғдӣ низ хоҳӣ пазируфт?
— Оре! Ман пазируфтаам оини шуморо...
Ғалмағали сипоҳу асирон чун ғавғои каргасҳо мағзи Искандарро хўрд. Дар фазои кўҳи Ориёмаз дер гирд гаштану давр задани онҳо дилгираш кард. Гумонаш, ҳолиё рў ба рў меоянд, пеши чашмашро мегиранд ва Рахшон ғайб мезанад; онҳо чанг андозанд, пушти болашон нишонанд, баранд ба ҷое, ки пойи одамизод нарасад. Шоҳ нахоҳад ин маликаи хубонро аз даст додан. Хаёл дорад; ҳама чиз баҳона буд барои ба дидори ин паричўҷа расидан. Қомати мавзун дорад, сияҳҷурда, мўяш зиреҳу қатронӣ; чашмони ғизолӣ ва мижгони дарози баргашта дорад ва гардани фароз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор