Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Даҳони пиставу дандони раддаи сапеди симзадааш ҳазор духтар.
«Кишк!»
Дар хаёлаш чунин рўй дод, ки каргасҳо ба сараш ҳуҷум оварда бошанд. Дар асл мурғон баробари қуллаҳо ва сари шахҳо пар мезаданд. Акнун рафтани одамонро дида ҳалқа-ҳалқа давр гашта паст мефаромаданд ва пару бол ҷамъ карда сангосо ба қабати шахҳо фурў мерафтанд. Соли шашум аст, ки Искандар аз гўшти одамӣ ин мурғони бадафтро сер мекунад, вале онҳо сипосгузориро намедонанд.
Ва марди банури аз ташвиши айём андаке лоғаргашта ва зери чашмонаш обилаосо дамида пайдо шуд пеши онҳо. Ришдор, озодалибос. Ва Рахшон баробари пайдо шудани ў худро сўяш андохт:
«Падар!»
Искандар асилзода будани ўро аз забони духтар шунида буд ва яқин кард, ки дурўғ нагуфта. Солор ва салавоте дорад.
Искандар сабук ва боодобона таъзим кард чун шоҳзодагони таълимдида, ки одатан назди шоҳдухтарон чунин майл кунанд.
— Шодбош мегўем шоҳзодаро!
Искандар ба таъзими хеш табассум афзуд, ки мард низ чун духтар ўро шоҳзода медонад, на шоҳ. Чун вақти гила ва ё ройзанӣ набуд, ў иддао кард:
— Эй марди накў, Оксарт! Чун ин духтар бузург кардӣ, ки ба чашми шоҳзодагон нахўрд?
— Чаро? Овозаи ҳусну ҷамоли духтар аз Қоф то Қоф рафта.
Шоҳзодагон донанд. Чун шарти духтар гарон аст, омадагон пас нишинанд.
— Чун бувад шарти духтар?
— Довталаб аввал оини мо пазирад...
— Пазируфтам...
— Дуввум: аз дижи Ориёмаз то дижи Ҳурон роҳ кушояд ба зери замин...
— Пазируфтам...
— Саввум: ҷангҷў набошад...
— Пазируфтам... Аммо Рахшон дар бораи ғори Ҳурон чизе нагуфт.
— Рахшон донад, ки кори сангин вақти зиёд талаб кунад. Чун шоҳзода...
— Шоҳ!
— Оре. Чун шоҳ раҳгузаранд, ў чизе нагуфта.
— Се шарти ў пазирам ва амалӣ гардонам. Вале бигўй, ки ғори Ҳурон дар куҷост ва чӣ ғорест?
— Дар қаъри замин бувад. Девону ҷинҳо дифоъ кунанд онро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор