Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ ҷойи баду нек гуфтан аст? Магар Файлақуси дуввум – падари шоҳ Искандар набуд, ки баъди тохти порсҳо дубора хоки Отинро бехт? Танҳо низоу нотифоқии юнониён Порсро шўҳратёр гардонд. – андаке хомуш монд Коллисфен, то чӣ ояд аз шоҳу атрофиёнаш. Хомўш буданд ҳама. Таърихнигор афзуд:
— Шоҳо! Магар мақдуниён наянд, ки ин қадар бедодӣ кунанд?
Шоҳзода Искандари Сонӣ ягона касест, ки дар лашкаркашӣ ба падар рафта. Искандар ягона писарест, ки нақшаи падарро амалӣ гардонида, орзушиканӣ кард; ба Порс лашкар кашид, вале аз ҳадду марзи Порс бурун рафт. Ҷаҳонпўю ҷаҳонҷўй шуд. Барои мақдуниён фарқ надорад, ки шабро дар куҷо рўз мекунанд ва қабрашон дар куҷо баланд мегардад...
Ғалмағал шуд миёни мақдуниён, ки масхара гаштанд. Коллисфени юнонӣ беҳурматӣ кунад нисбати эшон.
«Ҳунари суханварӣ эътибор набувад! Эътибор он бошад, ки Коллисфени таърихнигор он чӣ дар дил дошт ба забон овард..!»
– заҳрханда дошт шоҳ Искандар ва ҳамаро огоҳ кард, то бидонанд, ки ў кист?
Коллисфени юнонӣ пурра дарёфт, ки аз содадиливу ростӣ ба доми бало зад. Акнун чу магас аз танаи анкабуд болу пар ҷустан ва пойи гурез раҳо кардан имкон надорад. Ба ҳар тақдир ҳоло бояд аз чунин базми бадбў, ки аз базми шоҳона дида бештар базми бепадарон ва бепарасторонро монад, бадар равад. Побаста барин. Ў натавонист бинӣ пўшад, то бўйи туршу ғализи шароб камтар ба димоғаш расад; натавонист ба гўш пунба занад, то нешханду мазоқи эшон нашнавад; чашм пўшида натвонист, то симои шўридаву ваҳшиёнаи ононро набинад... Хеле худдорӣ кард, то лаҳзаҳои зишту нофор гузаранд ва хандаи заҳрогини мақдуниён афзун нагардад. Ба гирду пеш нигарист ва мирзои хеш Стребро пеш хонд ва фармуд тарку бадрўд гўянд ин базми дилгиру сархўрро:
— Стреб, ту кунун таҷриба андўхтӣ ва мушоҳиди ҳама кирдорҳову қисматҳо ҳастӣ! Магар дарёфтӣ, ки маро чӣ пеш ояд?
— Нахоҳам донистан, устод...
— На! Қисмат ба дасти мо набувад... Мо намонем дар ин хок, Искандарҳо низ нахоҳанд монд. Вале он чӣ дидему нигоштему рақам кардем, бояд бимонад. Пасовандон бояд ҳақиқати ҳолро бидонанд... Ин ба ту вобаста аст!
— Ҳамаро дар сар дорам, устод!
— Пармониёни сипаҳсолор низ ҳамаро дар сар дошт. Чун сараш гирифтанд, ҳамаро бо сари хеш бурд. Хубии набишта он аст, ки сарҳо ҷой мешавад, якеро буранду баранд, ҳазорҳои дигар бимонад. Бояд ҳамаро нигорӣ ва ба шогирдони Арастуи бузург назари нек дошта бошӣ. Дили бузурги онҳоро пай бурда тавонӣ, нияти неки ононро ситоиш кунӣ. Аввалин касе, ки пешниҳоди Искандарро ба ҷанги Порс рад кард, Арасту буд.

пешина
аз 411
навбатӣ