Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ў фиристод маро ба ҷойи хеш; гумон дошт Искандар шоҳи одилу рисолавӣ мешавад; ҷаҳонгардӣ мекунад барои ҷаҳонкушойӣ; барои донистану дарёфтани олам. Барои беҳрўзии кас ба пешвози Хуршед меравад; барои бемаргии одам Оби Ҳаёт меҷўяд. Дареғ! Ҳама андеша доштанд, ки аз нури Хуршед ва оташи зардуштӣ покӣ меомўзад, зеро покизатар аз оташу хуршед чизе нест... Маро амон набувад, ту бояд дар амон бошӣ...
— Бе устод маро чӣ кор ояд амонӣ?
— Кор зиёд аст, Стреб. Ҳақиқатро бояд нависӣ. Лекин ман нияту армони дигар доштам: ба замми таърихнигорӣ, воқеа, рухдоду бедод навиштан, дар сар нақшаи навиштани фоҷиъаҳоро доштам. Зеро Юнон бо фоҷиъаҳои асотирии хеш номдор аст.
Ба назари ман ҳанўз Геракл дар қуллаи кўҳи Олимп месўзад ва нури он марзи Юнонро мунаввар месозад. Вале шоҳ Искандари мақдунӣ ин оташро намебинад. На танҳо оташ, балки худоёни юнониро фаромўш кард; оташи зардуштро пазируфту худоёни бегона – Аммону Диоскурро. Дар фаромарзи Юнон фоҷиъаҳо сохт; оламро фоҷиъабор кард. Касе нахоҳад бахшид чунин писарро.
Ҳатто худоёни сохтаву қалбакиаш.
Базмгоҳ паси сар шуд. Устоду шогирд гирифтори сўҳбат аз кох бурун рафтанд, касе пеши роҳи онҳоро надошт. Вале Коллисфен зиёд мехост, ки аз шогирд ҷудо гашта аз пайи кори хеш шавад.
Зеро ба сараш васвасаи шайтонӣ буд ва ў умеди зиндагӣ надошт, хешро ба худкушӣ омода месохт. Хоҳ-нохоҳ чунин кор шавад, агар худаш накунад, ин кор бо ҳукм шавад. Аз ин рў зудтар ба қароргоҳ расида чанд чизи нотамомро анҷом дода сабаби худкушиашро низ набишта, пасон фоҷиъа сохтанӣ буд.
— Стреб, ту бирав ба базмгоҳ, ҳама рўйдодҳоро бубин, бишунав... ба кор ояд.
— Базм анҷом пазируфт, устод, – муроди Коллисфенро пай бурда, фармуд Стреб.
— На, Стреб... Базми искандарӣ бо чунин зудӣ анҷом нагирад.
Онҳо мардумро бо базму шароб машғул доранд ва тақдири моро ройсозӣ кунанд.
Вале Коллисфен ба мурод нарасид. Ба манзил нарасида, сўҳбаташон анҷом напазируфта ва аз шогирд ҷудо нагашта, боздоштандаш фиристодагони шоҳ ва завлона ба дастонаш зада бибурданд назди Искандар.
Шоҳ хеле таваққуф карду дандон соид ва хашмашро фурў нишонданӣ шуда, гом зад назди ў ва боз найранг кард:
— Шогирдонат иқрор карданд, ки сарвари сўиқасдчиён ту ҳастӣ. Рост аст?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор