Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин миён ба Коллисфен оварданд, ки шоҳ дар Иттифоқи Коринф дар ҳузури донишмандон ва файласуфи бузургу дилогоҳ Арасту таърихнигор Коллисфенро ба додхона кашида, худ додгустар шуда, шоҳидонро пурсида, ҳукми одилона хоҳад баровард, то Арастуи бузург аз ў наранҷад...
Рост буд ё дурўғ Искандар майли ватан накард. Дар ин миён обҳои зиёде ҷорӣ шуданд, рўзи таърихнигор беҳ нагашт. Искандар хоҳиши Рахшонро низ ба инобат нагирифт:
— Олам хандад, Искандар... Ҳама ханданд, ки шоҳи мақдунӣ таърихнигори хешро ба чӣ рўз расонидааст.
— Модари ман Олимпиадаи номдор ҳеҷ гоҳ ба корҳои давлатии падарам шарик нашуда буд, – фармуд Искандар ва чунин посух барои Рахшон гарон омад.
Рахшон лаб фурў баст ва дилсард гашт аз шоҳ. Аммо дилаш ба Коллисфен месўхт, ки марди фарҳангиро ба чунин ҳол овардан аз рўйи адлу инсоф набувад.
Коллисфен дар пўсти бўзинаи дарозмўе гашта буд, ки дар офтобрўяе шабуши бехи мўй тоза мекарда бошад. Нохунҳо расида, чашмони ба қаъри хонааш фурў рафта аз миёни мўйҳои парешон камнур метофтанд. лабҳо карахш баста ва дандонҳо зарду зангор баста низ ҷо-ҷо фурў рехта буданд ва қомати сарваш камон гашта.
Ин марди хирадманду қайсару ҳақгўй гумон ҳам накарда буд, ки ҷаҳоншоҳ то ин андоза хандахариш мекунадаш. Ҳукми кушро чашмдор буд, чунин азобу мазҳакаро на.
«Худоё! Касе пайдо гардад, ки ғаму шиканҷаву оҳу ҳасрати маро рақам кунад? Ман ҳама уқубатҳоро менигоштам, ногуфтаниҳоро дар сар медоштам. Инак он ҳама бо худ бубарам ва касе надонад, ки чиҳо низ буд андар аҳди Искандар. Он чӣ аз устодам омўхтам, нигоштам: ҳақиқат ҷустам, фош гуфтам... ва бояд чунин подошро нигарон мешудам. Эй, кистӣ, ки пеш наойӣ? Стреб! Чаро наздик наойӣ, чаро рух нанамойӣ? Манъ кардаанд? Ё рўҳи Стреб ҳастӣ? Магар туро низ... Худоё! Кӣ монд дар сипоҳи Искандар?!
Хамидақоматоне чу ман мондаанд, ки то Юнон нарасанд. Онҳое, ки ҳанўз равон доранд ва амонатро бардошта тавонанд, бардаҳоянд, ки дар ҳар ҳолат тавонанд шоҳро бадрўд гўянд... Эй худои Зевс, илтиҷо дорам: бо он барқи сўзонат бишикоф синаи маро, то аз ин азоби алим раҳо ёбам! Ай Зевс! Наход худоён ҳама тарафдори зўр бошанд?»
— Ай Искандар, шоҳи ҷаҳонпўй! Агар имкон дорӣ ва майл дорӣ, рухсат бидеҳ, то ба мулки падарам баргардам.
Искандар андеша накарда баланд хандид:
— То ба он ҷо расӣ, ки падарат бемулк гардад.

пешина
аз 411
навбатӣ