Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Хубтар бувад аз он ки мулк дошта бошад. – танҳо маънии мулкдориро дарёфта гуфт Рахшон, аммо фаҳм накард, ки шоҳ ба чӣ ишора дорад.
— Ин чӣ андешаест, ки гўйӣ?
— Андешае набувад, Искандар. Боре чашмам ба он таърихнигор хўрд ва андешидам, ки ҳайвон будан бартар бувад аз он, ки инсон.
— Ҳмм... Ту танҳо уқубати ба ў расидаро андеша кунӣ, аммо ҷони суханро сарфаҳм наравӣ. Охир саги устухон дода бузург карда аз поят газад, кайфари носипосиашро низ бояд бидиҳӣ! Ту беҳуда аз ман ранҷӣ ва кинояҳои ноҷо занӣ. Агар сагро танбеҳ надиҳӣ, бори дигар ба хирной дандон занад.
Рахшон фаҳмад чунинонро, аммо тасаллӣ наёбад бо чунин суханҳо. Зеро ҳар кор ҳад дорад ва мулк сарҳад. Малика андакандак дарку фаҳм кунад хўю атвори Искандарро: мор аст – аз пасаш наравӣ, гурба бувад – думашро пахш накунӣ, гуроз аст
– рў ба рў наситезӣ, шер бувад – ба ғазабаш гирифтор нагардӣ...
Ва аз одамияташ чизеро дарёфт накарда. Шояд аз он бошад, ки асилзодаи суғдӣ айёми рушди ваҳшонияти Искандар ўро дучор омад. Шоҳеро надида ҷуз ў. Аммо шунида аз афсонаҳо, ки шоҳон одил бошанд ва гуноҳи бузургро баъзан биомурзанд.
Ва аммо Искандар масали хешро дорад: «Сангро санг шиканад.»
Коллисфен як бори дигар «Искандарнома»-ро навишт. Ин бор на дар дафтару коғаз, балки дар сафҳаҳои носутурдании мағзи сараш; дар шишаи чашму оинаи дилаш. Начакконда, нарезонда, андаку зиёд нагардонида, чунон ки шоҳи мақдунӣ буд, чунон ки ҳамрикобону балегўёнаш ҳастанд, чунон ки буду чунон ки шуд... Вале ҳайҳот сурати хешро дида наметавонист, ки бо чунон ҳайат дар радифи шоҳи ҷаҳонгир бигзорад. Гоҳ-гоҳ сурати хеш дар оинаи обҳо медид ва он обҳо ҳама хунин ва гилолуд гаштанд.
Акнун шоҳ симо ва чеҳраи ба шодӣ монанди ўро дидан нахоҳад ва ору номус кунад аз дидори ў. Мардуми таҳҷойӣ ва аҳли сипоҳ, агар бинанд, шоҳро ҳам бо ангушт ишора кунанд, маймунодамро ҳам. Миш-мишу саргўшиҳову ишораҳоро ба шоҳ расониданд. Ҳатто таънаҳоро.
Рост буд ё дурўғ, барои аз ин таърихнигори ҳайвонсурат халос шудан ё хешро ширин кардан Биталомуси пилзўр овард, ки чунин ҳайвони бетамизро, ки костахирад ва гусастаравон гашта, айб аст миёни сипоҳ доштан ва ҳамроҳ гардонидан. Зери чакманаш пур аз шабуш ва кана низ дорад, ки аз калламушҳо гузашта.
Ҷаҳонгир Искандари писари худо хашм гирифт ва мурофиаи Иттифоқи Коринф ва дидори Арастуро нигарон нашуда амр кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор