Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Охир ба ҳеҷ нерў сипоҳи Искандарро пас гардонидан имкон надорад. Порс натавонист, Бохтар натавонист, Суғду Скиф натавонист, магар мо...
— Зеро ҳар кадоми онҳо чун мо ба сари худ буданд ва ҷудогона набард карданд. Ту барин хиёнаткорон зиёд буданд. Вагарна Искандар дар ягон набарад пирўз нашуда буд. Онҳо ҳамдигарро кушта-кушта Искандарро ҷаҳонгир карданд.
— Роҷа Абисар сипоҳ фиристод, натавонистед-ку... Пеши лашкари Искандарро гирифта натавонистед-ку!?
— Зеро ту набудӣ дар паҳлўи ман. Агар медидӣ, ки мани танҳо андар гирдоби бало чун ҷангидам...
— Искандар дидааст, гуфт ва маро фиристод, ки бо ту оштӣ ва ошнойӣ кунад.
— Бирав ва ба Искандарат бигўй, ки гургу гўспандро ошнойӣ нашояд.
Таксил баумед омада буд, ноумед баргашт.
Пори якраву қайсар, ки табибони ҳиндӣ андар саропардааш захмҳо марҳам мекарданд, он қадар аз омадани Таксил ба худ мепечид, ки аз озору дарди пайи тирҳо намепечид. Аввалин бор донист, ки дўст ва ҳамнабарду ҳаммаслак душман гардад ва бавижа аз номи адў миёнҷӣ бошад, дарду алам чӣ андоза сангин шавад. Ғазаби роҷаи бузург паст нагашта, озори захмҳояш сабук нагашта; ҳанўз берўйиву бешармии Таксилро ҳазм накарда ва бори гарони тазйиқи корзор аз дўшаш нарафта ва ба ҳеҷ хулосае наомада, рўзбонҳо ва пардадор ба саропарда омад:
«Нафаре омада, хешро дўсти роҷаи бузург хонад ва ном Марой гўяд ва хоҳиши дидор кунад.»
«Биоваред!»
Оварданд дўстро. Ҳоли роҷа дида, ниёиш кард худоро ва ду каф ба ҳам дошта миёни ду чашму рўйи бинӣ қарор дод ва шукргузорӣ кард, ки раҳида аз бало:
— Роҷаи растагор, дўсти дерини ман, худоён нигаҳдор буданд туро, вагарна растан аз ин бало саҳл набуд.
— Дарди маро ду ним карданӣ ҳастӣ, дўстам?
— Бале, роҷаи бузург. Дарди ту андак набувад. Писаронро талаф додӣ. Чӣ гуна ман ҳамдарду ғамшарики дўсти ҷавониам набошам?
— Миннатпазирам, дўстам... Аламам зиёд аз мўйи сарам...
— Ҳамин тавр, дўстам. Ғами андак набувад... Сухан пайдо набувад роҷа. Омадам, дардатро ҳисса кунам.
— Сипоси беҳад...
— Агар роҷаи бузург рухсат диҳанд, хоҳише низ дорам.
— Бифармо!
— Фавтидагонро худоён биомурзанд... Вале ғами зиндагонро низ бояд хўрд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор