Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамин тавр.
— Бо Искандари оламгир пархош кардан маънӣ надорад...
— Низ ў фиристод туро?! – хурўшид Пор.
— На! Худам омадам, то бинамат ва гўямат, ки хешро бар оташ назанӣ.
— Суханони Таксили хоину ватанфурўшро гуйӣ... Андак монда буд, ки бо шамшер гардан занам.
— Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?
— На. Барои марзу бум ва ҳимояи он мурдан пушаймонӣ надорад. Шараф бувад. Вале чунин ҷонфидоиро тарсуён кори хато шуморанд. Фарзандони халқу миллат ба ору нанг бошанд.
— Роҷаи растагор, ту донӣ маро аз кўдакӣ, ки ҷонат ба дард ояд, дили ман дард кунад. Ман нахоҳам, ки беҳуда нобуд гардӣ.
Искандар аз онон нест, ки душманро пўзиш кунад. Вале чун бузургиву ҷавонмардӣ дорад ва шогирди Арастуи бузург бошад, тан диҳад мардро ва бахшадаш бо ҳама душманиаш. Ў туро писандида. Бавижа гоҳи набардат мушоҳида карда ва гуфта, ки маро чунин ёр мебод.
Пор ин бор посух надод дўстро, зеро чунин ҳарфҳо аз Таксил низ шунида буд ва муқоиса мекард. Китфу бозу палмосид бо каф, ки ба дард омада буд. Захмҳо озораш медоданд. Тез мегашту мехурўшид дар андарун ва раги рости аз фарқи сар то миёни абрў омада медамид, ки зери пўсти сиёҳранг дидан чандон осон набуд.
Баъд захми рону соқи рост ба дард омад.
— Ман шумо барин дўстон ва Искандари омадаро ба худоёни ҳиндиву юнонӣ супурдам...
— Аз ҷаҳл бифаро. Ҷаҳолат касро ёр набошад...
— Чун?! Бигўй! Он хунхор ба хонаат дарояд, ҳамаро кушаду рабояд. Занатро тозад! Духтаратро барад! Писаратро ғулом кунад... Ва ту ўро бо нону намак пазиройӣ?! А!? Дар кадом қонуни дўстиву душманӣ чунин нигошта?!
— Душманро ба шакар куштаанд, роҷаи растагор...
— На!!!
— Забони ширин мор барорад аз хафол.
— Ман надонам, ман нахоҳам, ман нафаҳмам... Роҳҳои мо дигаранд... Таксил ҳам ба роҳи худ, Абисар ҳам... Роҳи ман ҳам. Роҳи тамоми ҳиндувони озодихоҳ роҳи ман бувад! Бирав, Искандарро бигўй, ки агар ў писари Мақдуниёст, Пор писари Ҳинд аст!
Марой сар андохт ва андешид, ки роҷа ройгон нобуд гардад.
Вале намеёрист бигўяд. Зеро Пори Ғазаб дар ҳар лаҳза дигаргун гардад чун Искандари Мақдунӣ.
— Ман меравам, роҷаи бузург, ту бояд биандешӣ. Искандар бори дигар касеро фиристад, то ту ба ҳарфи ў гуш кунӣ. Ва ў туро дар қатори беҳтарин сипаҳбадон донад ва мулк бахшад ва ту боз андар қаламрави хеш роҷа бошӣ.

пешина
аз 411
навбатӣ