Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳммм...
— Агар пеши ту арҷу азизам, маро гўш деҳ. Хуб аст, ки ман пайғоми неки туро ба шоҳ Искандар расонам, аз он ки дигарон барғалат баранд. Ту бояд писарони рафтаро ёд кунӣ ва зиндагонро шукр гузорӣ... Боқӣ ҳарфе надорам.
Пор чизе нагуфт. Дўсташ Марой баромад аз пардасарой. Роҷа фармуд баргардонандаш.
Баргардониданд. Роҷа фармуд:
— Бигзор гуфтаи ту шавад. Ман боз писарҳо дорам...

БАНДИ САВВУМ

Бисёр наздикони Искандар андар ин ҷанги тўлонӣ чун донаҳои гирдакон рехтанд аз тўбраи сўрох; фавтиданд. Якеро хок хўрду якеро лошахўрон, дигареро шағолу зоғу заған; бархе сўхт андар оташ ва бисёриҳоро кушт ғазаби искандарии шоҳ. Ва ба якеи онҳо Искандар оби дида нарехт. Аммо ба марги Бусефали вафодораш гирист. Баъди пирўзӣ баргашт ба корзор ва ҷасади дамидаи асбро пайдо кард. Сару гардан ва ёлу бари ўро палмосид. Баъд тирҳои ба танаш фурў рафтаро як-як кашида бурун овард. Аламовар он буд, ки чашми рости ҷонварро тир фурў нишонда, пуч гардонида, андар хонааш боқӣ мондааст ва Искандари говҷигари шердил наёрад онро кашида гирад. Пиндорад сахт озор ёбад Бусефал. Ҳама азобу ранҷу шиканҷае, ки аз Пелла то ин ҷо кашид, як рў ва озори чашми тезбини ў, ки андар шабҳои тира чун шоҳи шабрав манзил ба манзил мерафт, як рў. Искандар намехоҳад чунин озорро раво бинад. Бусефали шабранг андар гилу хун оғушта ранг дигар кардааст ва варамида ба кирдори пили Пор гаштааст. Вале пеши назари шоҳ Суқроти бонангро орад, ки ҳалоҳил хўрда, чунин варам карда, ба хуми азим табдил ёфта мурда буд. «Оооҳҳҳ!»
Он сиёҳмушкини бодпойи андар бар чун оҳуву дар баҳр чун моҳӣ гоҳи так ёли ба тарафи рост шоназадаро фаххондаву бардошта чаҳорнаъл мешуд ва аз садои ба сангҳо бархўрда шарорапош гаштани онҳо савораш шодмон буд ва ҳоҷате набуд, ки онро боз маҳмез ё тозона занад. Гўйӣ пару бол дошт ба гоҳи таку тоз ва тозандаро фараҳ мебахшид. Гоҳи тоз ва ба касе ё чизе ҳуҷумовар гаштани ҷонвар гўш хобонда чун мор сар борик кардани ў аҷиб метофт Искандарро. Айёми курра буданаш ва асб шудану таковар гаштанаш низ дар ёди шоҳи ҷавон ҳаст.
Искандар беҳтар аз Бусефал ёре ё мададгоре надида. Баробари шоҳи мақдунӣ роҳ паймуд, набард кард ва дам гирифт. Гоҳи разм даҳон андохтаву газида душман меафканд, ҷуфтаку лагадҷуфт андохта адўро парч ба хок мекард, чароғпоя гашта ба фарқи сари хасм суму наъл мезад ва пиёдагон зери сум оварда баробари Искандар қаҳрамонӣ менамуд.

пешина
аз 411
навбатӣ