Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипоҳи махлуту фавҷ-фавҷ, ки аз мақдуниву юнониву эллиниву мисриву порсиву эрониву бохтариву суғдиву массагетӣ ва панҷобиву ҳиндӣ иборат буд, ба номи сипоҳи Искандар юриш мекард. Рўду наҳрҳои зиёд, арзу тўл мепаймуд ва андар саҳроҳои хушку биёбонҳои тафсон ҷон ба лабу ҷон ба каф ба умеди некӣ ва рўзи равшан гом мезад, мекушту мемурд ва аз нав зинда гашта амри лашкаркаши бузургро гўш медод. Тўли нимароҳ роҷаву ҳакимони зиёди ҳиндиро дид; афсонаҳои зиёд шунид; донист, ки ҷаннат на Суғд, балки аз рўдбори Ганг он сў биҳишт аст ва асби шабранги монанд ба Бусефалро пошна зад. Гарчӣ ўро кайҳо ё аз тарс ё аз эҳтиром ё чун масхара «Ҷаҳонгир» мегуфтанд, аммо ў қонеъ нагашта буд. Ба андешаи ў гоҳе ҷаҳонгир гардад, ки моварои Гангро низ ба даст орад...
...Вале якбора ҷилави асб сахт кашид ва бора чароғпоя гашта ду даст баробар ба замин зад, ки чанги замин ба осмон хест ва суми асб то зону ба реги биёбон фурў рафт. Ба пас нигарист, чун мўру малах саворагон, воҳимаовар ва гўши ҳама борагон афтида ва аз гарди биёбон ранг гум кардаанд.
Якбора андар нимароҳи «биҳишт» бозистодани Искандар сипоҳу сипаҳбадонро дар ҳайрат гузошт. Зеро Искандар ба роҳ дарояд, олам сўзад ҳам, таваққуф намекард. Истода ба пас нигариста ва ҳолиё сари асб ба рўйи сипоҳ гардонидани шоҳ тааҷҷубовар буд. Асбони пеш саф кашиданд; қатори дигар ва чандин қатору рада шуд ва пеши саф дирафши кўҳнаи фарсуда ва ранги зардашро офтоб бардошта парафшонӣ надошт, балки чун гўши асбон афтидаву лаққа метофт. Чунин намуд гирифтани дирафши оламгарди мақдунӣ андар замири шоҳ Искандар ноумедие овард.
Касе чизе нагўяд. Ҳама ба даҳони ў гўш додаанд. Ў низ хомўш.
Борааш сум мекўбад. Ў чун Бусефал рамузфаҳм натобад. Ҳар савор аз андеша мегузаронд он чиро, ки мехост ё умед дошт. Вале боз бовар надошт, ки шоҳи азмиву ҷазмӣ аз нимароҳ бозгардад. Зеро дарёҳои азиму мавҷхез, рўдҳои дамону касногузар, селу обхезиҳои ногаҳонӣ, борандагии ҳафтодрўзаи дилбазан, кўҳҳои баланду барфгир, лашкари оламгири Порс, биёбонҳои ҷонгиру ҷигарсўз ва ҳеҷ чиз пеши роҳи сарлашкарро гирифта натавонист, магар ин биёбони бекаронаи тафсон гирад.
Ў якбора бозистод. Хомўш буд ва дида ба дуродур дўхта, ки кай сипоҳи пиёда аз он канораи дунё сар кашанд.
Ва падид омад хол-холи сиёҳ ба кирдори мўрон, ки биёбони паҳноро фаро гирифта, сангпуштона меҷунбиданд ва ба назари Искандар тофт, ки ҳаргиз нияти пеш омадан надоранд. Ў дилтанг гашта, пой ба рикоб таранг карда, қомат афрошта менигарист ҷониби мўрон ва аз дил мегузаронд, ки наход бо чунин ҳаракат аз Мақдуниё то каронаи олам расида бошад. Ба назараш бо ин сипоҳи сангпуштпо то Ганг расидан имкон надорад. Биёбони хокиранг сиёҳранг гашт ва шоҳро воҳима гирифт, ки ин сипоҳи мақдунӣ нест, шояд яъҷуҷу маъҷуҷҳои Чин бо ҳиндувон забон як карда аз пайи ў омада бошанд.

пешина
аз 411
навбатӣ