Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Ин сипоҳи пиёдаи мақдунист?
— Оре, шоҳ, Кен лашкар кашида.
— Кен лашкар кашида?
— Оре, шоҳ!
— Кен бар кӣ лашкар кашида?
— Бар ҳиндувони он сўйи Ганг.
Дилпур шуд Искандар, гирди лабонаш табассум дамид. Вале дирафши фарсуда боз ба танг овард. Дирафши пиёдагон афгортар аз он, ҷиғда-ҷиғда гашта буд. Чун наздик омад, хашми Искандар зиёд шуд, ки бо чунин суръат кай ба Канораи Гетӣ бирасанд.
Сипоҳи пиёда аз дур андар алти биёбон қарор гирифтани шоҳро фоли нек дониста, шодмонӣ карданд, ки оқибат шоҳ ёди Ватан ва пайвандон кардааст. Вале чун расиданд, ў изҳор кард:
— Ба пойи шумо кай то Ганг расем?!
Донистанд, ки шоҳ нияти бозгашт надорад, пакар гаштанд. Бе танбеҳи шоҳ низ онҳо гадоёни берўзии ҷандапўш, оворагардони ба як бурида нон зор, сипоҳи шикастхўрдаи оғишта ба хоку хунро мемонданд. Он сипоҳи озодалибоси сандалпўш набуд, балки фавҷҳои омехтаи дар либоси ўбадаи ҳиндӣ буд. Чирку қарқи он сари остини кўдаки фисинро мемонд. Ғашовар. Ба сипоҳи оламгири мақдунӣ нозеб бувад. Ҷўгиҳои ҳиндӣ хуштар аз эшон тобанд.
Сипаҳсолор Кен лашкар боздошта, пеш омад ва ҳама арзҳои дар ин роҳи дур ба забон овардаи сарбозонро гуфт:
— Шоҳо, хўрокворӣ пўсида, гўшт гандида, аслиҳа занг зада...
чӣ бояд кард?
— Чӣ мебоист кард? Ҷанг!
Латтаи сарбозон ба об афтид, умедканда шуданд. Нишастагон бархостанд. Лашкар ба ҷунбиш омад. Фавҷ-фавҷу даста-даста ва гурўҳ-гурўҳ шуданд сарбозон. Ҳайрати Искандар афзуд, ки боре чунин надида буд сипоҳашро. Илоҷ гум кард. Пешомад равшан набуд. Дар чунин ҳолат – дар биёбони тафсон ройзании сарони ҳарбро раво надид, зеро парер ройсозӣ карда майлу ройи онҳоро дониста, боз ба хости хеш рафтор кард ва инак дар алди дўзах монд. Бо вуҷуди он фаро хонд сарони сипоҳро. То он ки гирд омаданд саропардаи шоҳӣ дуруст карданд дар дашти чун уқёнуси бекарон. Ва инак Искандар аз бора пиёда гашта даромад ба саропарда ва дигарон пасу пеш омаданд ва боз шоҳи хушнафс мушкилоти сафари Ҳиндро пеш овард:
— Пирони кор, сипаҳбадон! Шумо ҳастед, ки ман ҳастам. Ёд доред, ки дар маъбади Миср аз худои Аммон ваҳй омад, ки Искандар оламгир хоҳад шуд. Бе шумо Искандар оламгир нахоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор