Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Андак монда... Мо андар остони олам истодаем. Як зўри мақдуниву юнонӣ, ҷаҳон зери пойи шумо хоҳад буд!
Нав набуданд суханони Искандар ва касе чун дўшин таваҷҷўҳ накард. Искандар дида бар эшон давонд ва ҳама чашм мегурезониданд, то назарашон ба чашми шоҳ нахўрад. Боз Кен худро нозгунҷ дониста, афзуд ба гуфтаҳои пешин:
— Шоҳ хуш фармуд, ки боз як зўр. Мо донем, ки ин зўр зўри искандарист. Ман омода ҳастам, ки ҳамроҳи дўстам шоҳ Искандар то ақсои олам биравам... Вале шоҳ як бор бингарад ба сипоҳи румӣ, ки пояш то куҷо барад... Нақшаи шоҳ, лошак амалӣ хоҳад шуд; танҳо баъди фаро овардани нерўи тоза. Сипоҳи ҷонгарави мақдунӣ. Ҳолиё мушоҳида меравад, ки бардаҳо ва фавҷҳои ноошнои ҳиндӣ дар ҳар қадам тавонанд хиёнат кардан. Мо чунин лаҳзаҳоро дар корзору кирдори зархаридон мушоҳида кардаем...
Агар шоҳ ҷангро ногузир донад ва аз меҳри модару Ватанд размро авло шуморад, сипоҳи абгору фартути румӣ ўро банда ва ҳалқабаргўш бошад...
Сипаҳбадон каф кўфтанд. Боз нафорид Искандарро. Филфавр ройзаниро ботил донист ва фармуд:
— Май оред!
Шоҳ андар саропарда, вале сипоҳ дар гармои тамузи баъди борандагии тўлонӣ месўхт. Сутурон бинӣ меафшонданду пашша мезаданд. Ҳар кас сукут дошт ва равшан набуд, ки чӣ пеш ояд аз шоҳ. Баъзеҳо Кенро дилсўзӣ доштанд, аммо намегуфтанд, ки навбати ў расида, ки ин қадар бо шоҳ баробар мешавад. Шоҳ майгусорӣ мекард ва ҳоҷибу посдоронро фармуд касеро рухсати назди ў надиҳанд.
Чун тафсиду арақ баровард андар саро, либоси ҳарбӣ бадар кард ва ҳоҷибро пеш хонд:
«Рахшон биёяд.»
Рахшон пайдо шуд. Искандар маст буд. Бо вуҷуди он ашки хеш бисутурд бо мушт.
«Геракл куҷост?»
Рахшон аз Барзин фарқ накарда пурсид шоҳ. Зан посух надод.
— Геракл – писари ман куҷост?!
— Назди модараш Барзин...
— Ту кистӣ?
— Ман Рахшон!
— Ҳммм...
— Агар иҷозати шоҳ аст, фармоям Гераклро пайдо кунанд.
— Пайдо кунанд...
— Биоваранд?

пешина
аз 411
навбатӣ