Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На, шоҳ...
— Рост бигўй!
— Агар рост гўям, шоҳро хуш наояд.
— Бигўй ҳар чӣ донӣ!
— Шоҳро сафари он сўйи Ганг хуш наояд...
— Шумо ҳама якзабона ҳастед, то Искандарро аз роҳу рояш баргардонед! Вале Искандар роҳзане нест, ки бо макру ҳиял аз роҳаш баргардонанд! Худоён назар карда ўро ва писари хеш хонда.
Нораво бувад беҳудакориҳо!
— Искандар...
Садои хастаи Барзин баромад, ки шоҳро азиз ва наздик дониста ном гирифт ва хомўш монд, то чӣ ояд аз шоҳ. Ў посух нагуфт, балки рў ба Рахшон хомўш монд ва гардан тофта нигарист сўйи Барзин, то суханаш бозгўяд.
— Ман ба корҳои давлатӣ, ҳарбӣ ва шахсиат дахолат карданӣ нестам. Лекин дилам сўзад ба озору азобат. Овозаи лашкаркашиҳоят ба ҳарду сарой рафта. Мебинам, ки он сўйи Ганг ҳама шерону палангону деву аждаҳову пилони ҷангӣ сафу раста оростаанд, ки паррандаро гузар надиҳанд.
— Агар фолат дуруст аст, Барзин, ман бояд ба кирдори Зевси Барроқ, Ахилли диловар ва Геракли қаҳрамон пархош кунам бо онон.
— На! Аз баҳри ҷанг огоҳ накардам шоҳро! Хавфе бошад дар миён...
— Бошад! Искандар натарсад аз марг!!!
Наъра зад Искандар чу наррашер ва Геракл аз тарс хешро зери домони модар гирифт.
— Гуфтам, ки тарсуйӣ!!! Қаҳрамонон аз модар багурда меоянд!
Туро айёми асбсаворӣ расида, ҳоло ҳам зери домони модар ҷой шавӣ! Баро! Фардо ҳамроҳи ман ба ҷанг хоҳӣ рафт!
— На, Искандар! Агар ин тифл ҷанговар шавад, худам бо ин дастонам гулўгир карда кушам!
— Модари ман низ чунин мегуфт. Вақте ки озими роҳ шудам, чизе гуфта натавонист. Ҳолиё ифтихор дорад, ки писараш оламгир шудааст...
— Магар... Олимпиада... набишта, ки... бо чунин писари лашкаркаш ифтихор дорад?
— Оре...
Барзин бовар накарда сар ҷунбонд ва сари писар дудаста аз зери домон бурун овард ва тоб дод:
— Ана ин хел тофта, сар аз тан ҷудо хоҳам кард.
Рахшон тозон омада нигаҳ дошт дасти ўрову Гераклро.
Писари тарсида гирён шуд.
— Гуфтам, ки дилу гурда надорад ин писар! Ба ҳазли модараш тоб надорад.

пешина
аз 411
навбатӣ