Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Рахшон Гераклро сари даст гирифта бурд. Барзин сар андохт, то аз шоҳ чӣ ояд. Хомўш буданд. Посбоне як бор сар аз парда дарун кард ва бозгашт. Искандар на чу шоҳ, балки ба кирдори соҳиб ба ў нигарист ва фармуд:
— Ёд дорам, Барзин, ҳарфатро. Мапиндор, ки аз ту ҷудойӣ хоста бошам. Андешидам, ки Геракли ману ту ҳаст ва ту то ҳастӣ, дилпур бошӣ ва аз ман хашм нагирӣ ва ғамӣ нагардӣ.
— Ман наранҷидаам аз ту, Искандар. Ҳамин ҳоло ранҷидам, ки писарро сахт ва беҳуда гуфтӣ. Ў ин чизҳоро ҳоло нафаҳмад.
— Чӣ гуна? Дар соли ў ман Бусефалро рому сара мекардам.
— Ту ба ин чиз шавқ доштайӣ. Геракл ба ин чизҳо рағбат надорад. Ба ҳеҷ чиз дилгарм нест. Гумонам, пиндорад, ки ҳама чиз муваққатӣ ва муаллақ бар мўе...
— Чӣ гуна муаллақ?
— Дунё кирои ҷангу ҷидол ва хафагиву ранҷиш набувад. Мо гумон дорем ин сарой амонат аст моро. Дар асл мо бори амонат ҳастем онро. Ба мушоҳидаву фаҳмиши ман Геракл чунин нуктаро дарк карда ва майл ба чизе надорад. Шабҳо бо моҳу ситорагон сўҳбат кунад, худ ба худ гўяд...
— Чӣ гўяд?
— Ман забони онҳоро нафаҳмам...
— Юнонӣ, порсӣ?
— На. Ғайбӣ. Танҳо як суханро фаҳмидам: «Шитоб макун...»
Дигар надонам, ки чӣ гўяд.
— Киро гўяд шитоб накун?
— Моҳро.
Искандар дигар чизе напурсид аз зан. Манаҳ соид, гом зад.
Рўй боло дошта оҳи дароз кашид ва пурсид:
— Худат ягон чиз муайян кардӣ?
— На... Танҳо як бор дидаму донистам, ки бо осмон чизе мегуфт ва зорӣ дошт.
— Чӣ гуна зорӣ?
— «Шоҳро нигаҳ дор!»
— Биоваред ўро!
— На!
— Пас ту дурўғ гўйӣ!
— На, Искандар... Ту донӣ, ки ман дурўғ нагўям...
Искандар каф кўфт. Пардаи дари хиргоҳро бардоштанд.
Ў фармуд:
— Гераклро биоваред!
Баъди таъзим карда рафтани посбон Искандар боз ба Барзин рў овард:
— Ҳар чӣ хоҳӣ, бигўй... Агар суханат дурўғ барояд, гила аз ман накун!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор