Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Пўзиш, ки тезӣ кардам!»
Ҳама ҳайрон буданд, ки чӣ маккор аст Искандар; дар як лаҳза ҳазор ранг гардад чу бўқаламун:
«Ман фаромўш накардаам, ки пури шоҳ Файлақуси мақдунии заминӣ ҳастам! Он ки қонуну қоидаи ҳарбиву ҷаҳонгириро намедонад, маро таъна занад. Гумон мекунад чунин кўтаҳӣ аз донойӣ набувад. Агар ман ҷаҳонгир шудам, бо зўру бозуи шумо ва ҳамроҳи шумо шудам. Вале Искандари ҷаҳонгир, писари ҳамон шоҳи ба ору номус ҳаст, ки қасди харобиҳои Пеллаву Отинро ситониданӣ буд! Ин корро писари ў кард – Искандари Файлақуси дуввум. Ман мўъҷизае наофаридаам, ситора аз осмон накандаам, танҳо нақшаҳои падари бузургамро амалӣ гардонидам. На ҳар писар монанд шавад ба падар. Ман ифтихор дорам, ки ягона писаре, ки монанд ба падар мегўянд. Ман ин корро танҳо накардаам! Такрор мекунам: ҳар чӣ шуд, аз хидмати шумо буд. Шумо солорони сипоҳ, сарбозони сарсупурда, писарони ватанхоҳ маро ҷаҳонгир кардед! Беҳуда таъна мазанед маро! Мақдунияи азизро фаромўш накардаам! Он ҷо модари бузургу нотакрори ман Олимпиадаи эпирӣ нигарон аст маро, ки писараш ҳамроҳи шумо пирўз хоҳад баргашт!.. Агар меҳру муҳаббати шумо чунин аст, гузаштам аз баҳратон! Гоҳе ки ба Ватан баргаштед, ҳикоят бикунед якояк, мо чунон кардем ва Искандар моро оқ кард! Акнун биравед! Мо дигар ҳамдигарро намешиносем!!!»
Чунин фармуд Искандар ва ҳамаро ба ҳоли ногувор гузошту боз амр кард:
«Касеро нагузоред ба назди ман!»
Касеро нагузоштанд ба саройи ў.
Нахустин бор Искандари сивусесола худ ба худ меандешиду мепечиду муҳокима мекард; фикр аз қисмат дошт. Зориҳои модарро гўш надод, андарзи Арастуро писанд накард, солорони сипоҳ чун Пармониёнро нашунида гирифту кайфар бахшид, дўстони зиёдро бегуноҳ кушт... гўё кори хубе карду ба баландиҳо расид ва инак аз он қуллаи баланд ўро барафканданд сарбозакони ночиз, ки зўри мўр куштан надоштанд. Онҳо чунон саркашӣ мекунанд, ки сипаҳбадон чунин дилу гурда надоштанд. Онон ҳукм бар Искандар мефармоянд, ки худоён нафармуда буданд...
Ду шаборўз шоҳи раҳгум ба худ мепечиду андеша мекард, ки гуноҳи Пармониёну фарзандони ҷавонмаргаш гирифт ё хуни Коллисфени таърихнигор, ки бе ҳеҷ ҷурм азоби алим дода буд ва ё хуни табибу коҳин Димитриуси бар – беҳуда кушта, қатли Клиту Кен ё хориҳои Барзину писараш ва ё хунҳои равони ба рўдборҳо омехта? Ба ҳар сурат шоҳи пушаймон ҳамаро пеши назар оварад ва андешад, ки чӣ буду чӣ шуд? Ва андар танҳойӣ дерёз сар шикастан зўреро талаб мекарда, дар тўли дувоздаҳ сол сарф карда буд. Ба назараш андар шабравиҳову набардҳо, дар маҷрўҳӣ андар бистари марг он қадар бемадору бефара ва шалпару ноумед нагашта буд, ки ҳолиё шуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор