Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қариб ҳама бардаҳои эллинӣ, мақдуниёни собиқадор, пирону барҷомондагонро озодӣ бахшид ва солори фавҷ Кратерро фармуд то Рум расонад ононро. Норозӣ буданд сарбозони кирояву зархарид, ки на танҳо бо худ дунёие намебаранд, балки воми хеш адо карда наметавонанд. Шўру мағал шевану ово печид то осмонҳо, лекин касе чизе карда натавонад бо шоҳ Искандари мақдунӣ.
Шоҳи лашкаркаш сарбоз аз эрониён гирифт. Мақдуниён аз чаҳордаҳ як ҳиссаи сипоҳро ташкил мекарданд. Ва онҳо ин ҳамаро найранг дониста, ки чӣ зарурате дорад гоҳи бозгашт ба ватан ҳамаро раҳо карда, сарбози бегона пазируфтан. Баногўшиҳо зиёд шуд ва норозигӣ афзун. Ҷанговарони паструтба, ки ўро ҳамчун лашкаркаши бузург дониста, бовар доштанд, ҳиллаву найрангҳояшро дида, ба халқу ватани хеш муҳаббат надоштанашро дарёфта, дилмонда шуданд. Сипоҳиёни корношоями румиро раҳо карда, ба умеди фавҷҳои тозаи Антипатр ваъдакарда нашуда, аз эрониён сипоҳ сохтани Искандар оташи ғазаби мақдуниёну юнониёни размоварро равған рехт. Шўру балво ба миён омад ва сипоҳи ночиз саркашӣ кард аз итоати шоҳ Искандар. Бо вуҷуди он, «илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ», шоҳи пурдидаву таҷрибаандўхта базм орост ба шарафи озодшудагон.
Базми расмии ў ба минбари норозигӣ бадал шуд. Суханварони номӣ, солорони сипоҳ ва сарбозони номдори румӣ дарду алами хеш арза доштанд:
«Агар мо ба шоҳ Искандар лозим набошем, озодамон кунад ва ҳамроҳи падари хеш Аммони Мисрӣ биҷангад зидди душман!»
Лашкаркаши мақдунӣ хавферо пай бурд ва надонист чӣ посух бигўяд. Биандешид, ки минбаъд сипоҳ ўро падар нахонад ва халқ сарвар надонад. Ў таънаҳои ҳамватанони хешро шунид, думликкониашонро дид. Ғазаб карду шўриду ситезид, ҷўшиду хурўшид. Оташин омад сари минбар. Ғазаби зиёд, оташи беандоза, хуни тез таконаш дод, ки истод ва чизе гуфта натавонист аз сари минбар ва зуд омад миёни ҳозирин. Як-як ба ангушт ишора кард онҳоеро, ки сари минбар садо баланд карда буданд. Магар ғофилмонда буданд, феълу хўйи шоҳро намедонистанд, ки эрод гирифтан ва таъна задан ўро имкон надорад. Онҳо шоҳро чунон шери ғазаб дарёфтанд, ки гоҳи ҳукми қатли Клит дар Мароқанд дида буданд. Ў бурун рафта буд аз худ ва ҷой дошт андар пўсти даррандаи бадхў, ки андеша, мулоҳиза ва гузаштеро намедонист.
Нобуд сохтанӣ шуд онҳоеро, ки андаке муқобилат ва зиддият ё норозигие изҳор карда бошанд.
Ў бо чунон суръату чолокӣ ин кор ба сомон мерасонд, ки онҳо чизе гуфта ва ё илоҷе ёфта наметавонистанд. Гурге миёни сагони тарсу буд, ки бо ҳаракати тез гирд гашта, дандони ғазаб нишон дода, ҳамаро мегурезонд. Ба д-он чолокӣ биомад сари минбар:

пешина
аз 411
навбатӣ