Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Вазири дасти рост.» Шояд чунин вазифаи баланд сабабгори бад-ин ҳол гаштани ў шуда бошад. Искандар посўхта метохт сўйи бистари бемории Гефестион:
«Кори кист?»
Чунин саволи дархуд бесабаб набуд. Аз вазъи нобобу гургоштӣ ҳар балою ваборо чашм бояд дошт. Вале то алвақт кушторҳо бе кўмаку амри шоҳ кам рух додаанд. Шоҳ ҳайрон, ки чӣ шуда дар андак муддат. Бояд зери коса нимкосае бошад. Ў тезгард аст; зудзуд пой мебардорад, то ба дидори Гефестиони муҳиббаш бирасад.
Хубиҳои солори нек пеши чашмаш меоянд, ки гоҳи бемори бистарӣ будани шоҳ ў чӣ қадар заҳмат кашид, ҷон фасурду коҳонд, дур нашуд аз сари болинаш, то дасти нохалафу заҳрогине кора накунад ба ҷисмаш. Ҷуз табиби хоса Филипп касеро намегузошт ба сари болинаш. Гефестион аз ҷони худ зиёдтар шоҳро ҳимоя кард... Искандар донад ин ҳамаро ва ёри ҳаммаслаку ҳамақида ва покдилу некгуҳарро мададгор бошад. Филипп ва дигар ҳакимону табибон ва ҷондорони шоҳ баробари ў метозанд, аз таковаргоҳ то шабистони Гефестион.
«Гузашта, шоҳам...» – набзи беморро дошта ва сапедии пушт рафтаи чашмонашро дида, фармуд Филипп.
«Нааа!!!»
Фарёд зада хештан бар Гефестион андохт. Кўдаквор оғўшаш карда гирист ва муддате баъд чашмонаш хунгирифта бархост ва фармуд:
«Хомўш бошед! Нагиред... Овоза накунед...»
Ёрону дўстон ва атрофиёни ғамзада пиндоштанд шоҳ барои ҷустуҷўй ва пайдову дастгир кардани қотил чунин гўяд. Дар асл равшан набуд, ки чаро чунин гўяд, зеро асбоби мурдани ўро касе муайян накарда. Қоматаш хамида чу пири офатзада сархам такрор кард борҳо гуфтаро:
«Гефестион манам, манам Гефестион!»
Борҳо гуфта буд, вале наандешида, ки ин сухан сахт расад эллиниҳову порсу эрониён ва ҳатто мақдуниёнро. Зеро то ҳанўз ҷуз Неархи дарёгард касе аз мақдуниён ба мансаби баланд нарасида ва бо шоҳ чунин наздик нанишаста. Искандар наздиконро аз худ дур кард, ҳатто писари пайгир ва вориси тоҷу тахт Гераклро.
Ягона кас, ки агар Искандарро осебе расад, Гефестион метавонист мақому мартабаи ўро иваз кунад. Духтари хурдии Дороро ба ў бахшида, боҷа шуданашон низ бо мақсад буд. Вазири дасти рост Гефестион ногумон душман пайдо карда буд. Валек касе огаҳ набуд аз он. Кунун Искандар донист, ки касе появу буни давлатдории ўро суст карданист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор