Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ҳар касест як қадам ба шоҳ наздик омаданист.
Хавфу хатареро бўй меомад.
«Ай табиб, бигўй, ки сипаҳсолорро куштаанд ё ба аҷали хеш мурда?»
«Осоре аз кушиш набувад, шоҳам... Магар дар андаруни ў бошад.»
«Тавонӣ муайян кардан?»
«Хуршед муайян кунад, шоҳам.»
Дар офтоб ниҳоданд ҷасади Гефестионро. Дер нигаристанд. Он чӣ ҳаким чашмдор буд, нашуд. Мурда сиёҳ нагашт. Бо вуҷуди он
Искандар бовар накард, ки ҷўраи ҷонии нав ба мурод расидааш бо аҷали хеш чунин нобаҳангом ва якнафас мурда бошад. Аз ҳамаи мансабхоҳон ва гумонбарҳо андешиду нигарист ба эшон, аммо якеро надид мўй дамида ва ё мижгон хамида. Сахт андешид
аз устокориҳо, аз қисмати хеш, ки мабод монанд ба марги Гефестион. На дар танҳойӣ ором дошт ва на андар миёни мардум. Бо ҳазор андеша ва дилдориҳои ёрон тасаллӣ намеёфт. Балки батар
мешуд, ғалаён мекард хуни тезаш; ба ҳазорон гўшаву кўчаву тангкўча мерафт, ки сабаб чист. Ба хулосае омад, ки бо шўру шарр ба сари Гефестион об рехт.
«Аз барои вазифа... ё теша ба решаи шаҷараи шоҳӣ задан...»
Искандар инак ба худ омад; чашм кушоду олами ҳаводисро шинохт ва боз зуъм кард, кина гирифт бар дўстон:
«Антипатр чаро наомад? Ман аз ў сипоҳ хоста будам, кўмак пурсида будам... Чӣ коре буд, ки писари ў Иоллай пайдо гашт, касе ки аз гўшаи гумони ман нагузашта. Магар ин чошнигар ба косаи солори сипоҳ ба ҷойи ангубин заҳр андохт? Агар на, чаро якбора ин қадар хешро наздик гирад, ки бародари хунии
Гефестион бошад.»
«Муддате пештар ту ўро дида будӣ, Иоллай?»
«На, шоҳ?»
«Хабар дорӣ, ки падарат кай ояд?»
«На. Ба гумонам, наояд.»
«Ман, ки ўро хостаам ва сипоҳ таъйин кардаам?»
«Хабар надорам...»
«Хабардор бишав ва маро арза дор!»
Иоллай нафаҳмид, ки таҳдид аст ва ё амр, безобита гашт ва чашмонаш чун чашмони заргўши тарсу зуд-зуд пўшидаву кушода шуданд.
Искандар дароз нигарист ба ў ва рўй тофт.
Шоҳ сесад нафар навозандагону овозхонҳо, ҳунармандону варзишгаронро бихонд, то ҷанозаи Гефестионро бубаранд аз
Экботон ба Бобулистон. Корвони ғамзада зери оҳангҳои мотамӣ ва сурўдҳои ғамбори юнонӣ бо лангари гардунаҳо равон шуд сўйи Бобул.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор