Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ-ӣ-ӣ?
— А-а, а-а...
— Рост гўйӣ ё бофтӣ?
— Рост гўям... Ва расонам, ки падар чӣ хоҳиш кард.
— Чӣ?
— Гуфт, ки шоҳро расон: «Ҳаргиз ба усули порсҳо вазирдорӣ накунад, ки вазир гўркоби шоҳ бувад.»
— Чӣ-ӣ-ӣ!!!
— Ҳамин хел гуфт ва хоҳиш кард, ки агар шоҳ бовар накунад, қиссаи макри вазир Боҳуи порсро бихонад...
Ҳарчанд Искандарро ғазаб фаро гирифт, худдорӣ кард. Вале ў касе набуд, ки ғазаб зери дандон дорад ва ё фурў барад. Главкро хонд – пизишки шахсии Гефестионро:
— Ту чаро ба ў нигаҳ накардӣ?
— Нигоҳубин кардам, шоҳ, вале илоҷи аз марг зўрӣ карданро наёфтам.
— Бояд меёфтӣ! Гефестион аз ононе набуд, ки ба саҳл дард бимирад. Ё дар ин кор дасте ҳаст?
— На, шоҳ...
— Агар ҳаст, бо ман бигўй, то сабаби марги Гефестион равшан гардад ва аз ҳар кас гумонбар нагардем.
— На, шоҳ...
— Чӣ «на, шоҳ!?» Ту магар надонӣ, ки ба ғазаби шоҳ гирифтор шудан марг бувад?
— Донам, шоҳ...
— Пас чаро росташро нагўйӣ?
— Росташро гўям, шоҳ...
— На! Росташ дигар аст! Ман донам душманони Гефестионро.
Ту низ донӣ! Бояд ошкоро бигўйӣ, ки кадоме аз душманони ў наздат омад ва чӣ фармуд...
— Касе наомада ва чизе нафармуда, шоҳ...
— Дурўғ магўй! Гоҳе ки худи душман ба ин кор иқрор кунад ва асрор ҳувайдо гардад, ман туро зинда нахоҳам гузошт!
— Шоҳ бикушад маро, вале рост гўям, ки чизе нашуда...
— Ту дидӣ, ки ў ғирт маст шуда, чаро ҷоми шароб аз дасти ў нарабудӣ ва манъаш накардӣ?
— Шоҳо, ман пизишк ҳастам, магар бо вазири дасти рости шоҳ баҳсу талош карда тавонам? Ман ҳеҷ гоҳ чунин густохиро раво надидаам. Эҳтироми Гефестион назди мо зиёд буд, шоҳ...
— Бо эҳтироми зиёд назди шумо нобаҳангом фавтид, агар эҳтиром надошт, чун шуда буд?
Главки пизишк чизе гуфта натавониста хомўш монд ва Искандар афзуд:
— Кратер гоҳи пирону вомондагон ба Юнон бурдан туро чӣ фармуд?

пешина
аз 411
навбатӣ