Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Ҳеҷ чиз...
— На, ҳар ду саргўшиҳо доштед.
— Ў гуфт: «Ба Юнон корношоямон ва заифонро барам» Гуфтам: «Паём расон ҳамаро.»
— Гуфту гуфтӣ. Чӣ фармуд?
— Ҳеҷ чиз...
— Нагуфт, ки баргашта ҷойи Гефестионро гирам ва ту пизишки ман шавӣ?
— Ба ҳамин маънӣ чизе гуфт, аммо дар ёдам нест, зеро ман Гефестионро сахт эҳтиром доштам.
— Ту пизишки шахсии шоҳ хоҳӣ шуд... Бигўй, ки мушаххасан чӣ фармуд?
— Чаро гуноҳи ў гирам, шоҳ? Чизе нагуфт, ки боиси шубҳа шавад.
— Иоллай даромада буд назди Гефестион?
— Надидам, шоҳ.
— Евмени Эллодиро низ надидӣ?
— Надидам шоҳ.
— Баредаш!
Искандар амр кард, то Главкро бубаранд ва сахт гиранду пурсон шаванд, ки киро шубҳа кунад бар марги солори сипоҳ.
Вале рўзбонҳо низ чизе аз забони Главк нашуниданд бар марги Гефестион.
Евмени Эллодӣ низ зери шубҳа буд, ки вақтҳои охир бо Гефестион баҳсу талош мекард. Хусумат низ дошт, ки Гефестиони мақдунӣ чунин воломақом гашта ва хешро аз ҷонишинони шоҳ донад. Искандар зиёд андешиду дархост кард, вале чун бурҳону далели қотеъ надошт, мўҳри хомўшӣ бар лаб зад.
Сатрапи Бобул Стамен Искандарро хуш пазируфт. Шоҳ аз корвон ҷудо, раҳораҳ бисёр корҳоро сомон дода, аз ҷумла шўриши қабилаҳои кўҳнишину озоди модӣ коссейҳоро пахшу поймол гардонида, баробари корвон ба яке аз пойтахти чаҳоргонаи Эрон
– шаҳри Бобул расид. Бино ба гуфтаи мўъбадони халдейӣ Искандар набояд якрост ба Бобул меомад; на аз дарвозаи ғарбӣ медаромад, ки ниҳоят хатари гўшношунид дошт. Ҳарчанд то ба ин манзил Искандар бо ҳазор андешаву гумонҳо омад; парешон буду дудила, аз роҳу рой нагашта ва ҳанўз дарвозаи ба шаҳр ворид шуданро муайян накарда, фармондори Бобул бо дастаи нерўманд дар беруни шаҳр пазиройӣ кард, дилпур ба Бобул даромад чунон ки ба мулки хеш.
Шоҳ Искандар Бобулро аз ҳар ҷиҳат барои давлатдорӣ ва муносибатҳои савдои хориҷӣ бобу мувофиқ медонист ва дар ин мавзеи хушбоду ҳаво ва баҳрро наздик хайма заданӣ буд. Аз ин рў ҷанозаи дўсти ҷониаш сипаҳсолор Гефестионро ба ин ҷо овард, то мазори бузург обод кунад ва ҳар гоҳ бар марқади ў гулдастаҳо гузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор