Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Майдони фарохе интихоб карданд барои гўру гўрхона ва соҳати мазори ў. Шоҳ Искандар барои касе, ки аз сирру савдояш огоҳ буд ва ҳатто номаҳои модараш Олимпиадаро баробари шоҳзода мехонд, ҳеҷ чизро дареғ намедошт. Дар чунин майдони кушод, ки ҳатто ҳайкали худои Мардукро гузоштан даст надода буд, муҷассамаи ёдгорӣ ва рамзии дўсташро гузоштанист ба
1 маблағи даҳ ҳазор толон. Ҳама сарбозон ба кор часпиданд, ки Гефестиони хушкор бисёр Искандариҳо сохта буд, аз Миср то Искандарии Ақсо ва канори рўди Ҳинд. Инак навбати ободони мазори ўст ва дигарон камар баста бар хидмат. Искандар беҳтарин меъморон ва устову ҳунармандонро фаро хонд, то лоиҳа пеш оранд ва нақши панҷаи хеш намоянд.
Ба хости Искандар бояд муҷассама ба кирдори Бурҷи Бобул баланд ва беҳамто бошад. Маҷмўи он гузаштаву имрўзу фардои давлату сипоҳдории шоҳ Искандарро таҷассум карда тавонад.
Панҷту бошад гўрхонаву мазори Гефестион. Ду саду чиҳил рос-
2 траи зарандуда дошта бошад, нишемани аввал; уқобу мор, нишемани дуввум; саҳнаи шикор, нишемани саввум; ҳайкалчаҳо,
3 нишемани чаҳорум бояд саҳнаи кентаврро намоиш диҳад ва андар нишемани панҷум ҳамчунон ҳайкалчаҳои буққаву шер ва бар тори онҳо размафзори Ғарбу Шарқ ҷой дошта бошад.
Писанд набуд лоиҳа. Искандар низ монанд набуд ба худ.
Шояд хубтар ва чашмгиртар дидан мехост оромгоҳи дўсташро, аммо содалавҳона баромад. Шояд аз парешонӣ бошад ва ё аз он ки қабилаву тоифаҳои шарқӣ ҳанўз ҳам муқобили шоҳи омада шўру балво карда хотирашро парешон мегардонанд ва шоҳ рўзафзун хешро бегона эҳсос мекунад. Пархоши зиёд, роҳпаймоиҳои дилгиру сангин, талаф додани хуни зиёд ва бемориҳои пай дар пай хаставу заъиф гардонида зеҳни Искандарро. Аз ин рў соҳати азиму фарохи мазорро муайян карда тавонист, вале ба зебову дилчасп сохтани он ақлаш намедавад. Инак меъморонеро меҷуст, ки лоиҳаи шоҳиро амалӣ гардонанд. Сахт мушкил буд бо чунин нағмаву ҳангома сохтани дахма. Ба ҳар ҳол, аз нўги хамир – фатир, гўрхонаи онро созонд ва дид, ки бо чунин ҳиммату дасти кушод, саховатмандӣ ҳеҷ гуна маблағ – ганҷи Қоруну ганҷи Равон ҳам кифоя накунад, андоз фармуд сатрапҳоро, ҳамсояшаҳрҳоро, аҳли рикоб, бавижа онҳоеро, ки ба марги Гефестион гумонбар шуда
- Як толон = 26,2 кг тилло.
- Рострай – нўки тези ба сари ҳайвон монанди сафина, ки биноро зебу оро диҳад.
- Кентавр – наснос, асбодам, қантарус.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор