Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Бе пир марав, ки дар монӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ...
Порсҳо чунин гўянд.
— Порсҳо ақл доранд.
— Вале ту чаро беақлӣ?
— Ман низ ақл дорам, аммо таҷриба надорам. Искандар барин ба пеш зўр задам, ки дунёро метарконида бошам...
— Зўри беҳуда миён шиканад, гўянд порсҳо...
— Порсҳо ақл доранд.
— Ту чаро надорӣ!?
— Ман низ дорам...
— Ақл медоштӣ, аввал назди ман омада будӣ... Падар туро барои чӣ фиристод?
— Гуфт, ки Иоллай танҳойӣ кашад...
— Дидӣ, туро барои чӣ фиристода будааст. Ту бояд нахуст маро медидӣ... ҳоло ҳама нақшаҳо барбод додӣ.
— Чӣ нақша доштӣ, Иоллай?
— Ман чун ту беақл наям. Ин корҳоро чунон кунанд, ки хасе наҷунбад. Вале ту обу оташ ба ҳам задӣ. Ҳолиё коре бишавад, аз ту донанд. Шукр бикун, ки зинда бурун шудӣ аз дари ў.
— Шукргузорам. Вале кинаам афзунтар аз шукрам.
— Бошад... Мадад хоҳад кард.
— Ман вазир Боҳуй шуданӣ будам, насиб накард.
— Чӣ гуна вазир Боҳуй?
— Ҳамин хел, ки шоҳонро заҳр дода, кушам...
— Баҳ-баҳ! Обмўрӣ аз боғ фарохтар.
— То бад нагўйӣ, нек наояд...
— Андаке ақл пайдо шуда туро ё дандони ақл баровардайӣ.
Ба фикри ту чӣ бояд кард?
— Боҳуй андешаашро ба касе намегуфт ҷуз Ардашери Саввум...
Чун занҳо аз асрораш огоҳ шуданд, забун гашт...
— Лекин коре ки ту хоҳӣ, бидуни занон нашавад.
— Чӣгуна?
— Зани бузурги шоҳ Барзин бад бинад шўро. Зани дуввум калаванда... Занҳои ҷавон ҳоло Искандарро нашиносанд. Ба андешаи ман Барзинро ба даст бояд овард...
— Ҷиммм... Девор муш дорад, муш – гўш. Бо он зани ҳушманд оҳиста бояд буд, зеро пешомадро бинад.

БАНДИ ҲАШТУМ

Аз ҳама шаҳрҳои забткарда Бобулистон бештар хуш омад
Искандарро. Ин шаҳри зебо ва мавқеи ҷуғрофиаш бобро чун
марказнишин хубтарин маъво донист. Бобулистон гаҳворае буд,
ки бори нахуст андешаи ҷаҳонгир гаштан ба сари шоҳ омад. Гўё дар ҳамин ҷо Мардуки бузург пайдо шуд ва кушоиши ҷаҳонгирӣ дод Искандарро, ҳарчанд ки шоҳ ниёзе надошт ба д-ин чиз.

пешина
аз 411
навбатӣ