Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро худои Аммони Мисрӣ кайҳо чунин мартабаро раво дониста буд ба шоҳи мақдунӣ.
Бобул аз ҳар ҷиҳат бобу мувофиқ буд сарвариро: ҳам аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, ҳам роҳи савдои баҳру барр, иқтисодӣ ва иҷтимойӣ.
Дар ин шаҳри ободон ва овозадори Шарқ Искандари Румӣ аз ҷониби коҳинону сокинони ҳарами ситр хуш пазируфта ва шоҳи Бобул дониста шуд.
Андар Бобул ҳараму кўшкҳои зиёде буданд ва мазори муқаддаси Мардук. Инчунин бурҷи навадгазаи Этеменанк мавҷуд аст, ки гирдогирдаш пур аз ҳуҷраву меҳмонсарову кўшкҳои хурд; диже коҳинонро ва сарое меҳмонону мусофиронро. Чун Искандар эътиқод оварда буд худои Мардукро, ҳарамашро низ азизу муқаддас медонист. Шоҳ ин мулки афсонавиро ободтар дидан мехост.
Аз ин рў гоҳи ба Шарқу Шимол рафтагор шуданаш бобулиёнро фармуда буд, ки дижу ҳараму мазору мақбара ва бурҷи харобгаштаро обод кунанд. Чун баргашта ҳамаро валангор ва ба ҳоли пешин дид, ғазаб кард ва фармуд ба таъмиру тармим пардозанд.
Ҳатто он харобаҳое ки Ардашери Аввал оварда буд.
Даҳ ҳазор сарбозу ҳунармандони зиёд часпиданд ба кор. Искандар ҳам бо ғазаб ва бо умед низ ин корро сомон мекард, то зудтар навбати обод гардонидани мазори Гефестион низ расад.
Аз ин рў шоҳ фармонфармои Миср Клеоменро нома фиристода фармуд ба ифтихори Гефестиони қаҳрамон ду ҳарам созад андар Искандарӣ... Гефестионро қаҳрамон эълом доштан ба сари шоҳи мақдунӣ чизи дигарро овард: «Оё фурсати он нарасида, ки худи Искандар худо бошад?»
Ў танҳо бимонд андар маснади хеш ва андешабозӣ кард: «Падарам Файлақус низ иддаову талаби худойгонӣ карда буд, нашуд. Чӣ дид? Бо эҳтиёт бояд буд. Нааа... Ў – дигар, ман – дигар. Файлақус аз гирди хеш дуртар нарафта, аммо писараш ҷаҳонгир... Фарқ дорад. Чунин нодида гирифтан кўронро зебанда. Сараш гирд гашт аз андешаи зиёд. Ҳама афзори набард, ки девори ҳарамро нигористон гардонида буд, ҳама афзори дабирӣ аз қаламу пари мурғу наю коғаз то курсӣ; зару симу зевару ҷавоҳирот, ҳайкалчаҳои тиллойӣ ва чизҳои дигарро пароканд ба атроф ва чашм чаронд ба ҳар яке чандборӣ. Чизе дарёфт накард; боз ба мулоҳиза рафт, ки чизе нестанд ин ҳама пеши шўҳрати оламгири Зевсу Аммон, Гераклу Мардук ва Аҳура Маздо... Ў шоҳ Искандар, писари қайсару якрави шоҳ Файлақуси Дуввум ва Олимпиадаи мардхў буд, писари Зевсу Аммон гашт; шогирди Арастуи номдор буд, ҷаҳон-

  1. Мардуки бузург – худои бобулиён.
пешина
аз 411
навбатӣ