Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Иоллай: — На-на! Падари ў низ даъвои худойӣ дошт. Магар худоён «худо шуданро» дар чашмаш нишон надоданд?
Кассандр: — Ба ҳар ҳол ман ёд надорам, ки худоён ҷонибдорӣ афтодагон, дармондагон, некон шуда бошанд.
Иоллай: — Шитоб макун! Магар қисмати Гераклро фаромўш кардӣ?
Кассандр: — Ў худ худо буд.
Иоллай: — На! Баъд худояш хонданд. Ҳама накўкориҳояш ва хислатҳои хубаш, раиятпарвариашро дарёфта, афсўс хўрданд, ки дар зиндагиаш қадр карда натавонистанд. Искандарро низ баъди сараш хубтар дарёбанд.
Кассандр: — Худоён низ хато кунанд ё дидаву дониста ба дасти бад лигоми таковар диҳанд. Бирез! Бо чунин гилагузориҳо осмон пасттар наояд! Бирез!
Шароб бирехт Иоллай ва бедиранг ҷом ба сар кашидани бародарро дида, фармуд:
Иоллай: — Худованд як шаб маро бодагусори Искандар мегардонд...
Кассандр: — Бо Медий унс бигир, бодагусори Искандар хоҳӣ шуд. Сонӣ худ чошнӣ кунӣ, худ шароб резӣ Искандарро... Барои чунин корро сомон кардан Боҳуй бояд буд. Бихон китоби макри ўро... Воқеан, Медий шахси дилобхўр бувад?
Иоллай: — Чандон надонам, ки бояд донам.
Кассандр: — Бидон!
... Он шаб базм гарм буд. Базме, ки Искандар ба ифтихори Неархи дарёгард барпо карда буд. Неарх фардо баҳрнавардӣ омўзад шоҳро. Пасон ў кишваркушо низ хоҳад шуд. Баъд мардум маҷбур гарданд шоҳ Искандарро худо хонанд. Шоҳ ҳанўз умед наканда аз ин ният. Барои чунин ният қурбониҳои зиёд карданд ба ёди худоён. Акнун базм доранд. Базмҳои Искандарӣ тамоми шаб тўл кашад ва ў касеро баробар набинад дар бодахорӣ, магар амирулбаҳр Протей, ки баъди бемориҳову маҷрўҳиҳо Искандар тан дода ба ў. Шоҳ шабгир бода хўрд ва сапедадамон сустӣ кард нисбат ба Протей. Вале вонамуд накарда хешро мард гирифт.
Ва ҳамон зайл, дониста ва ё надониста меҳмонӣ рафт аз рўйи шарте ки бо Медий баста буд. Агар бозии бодахориро бой диҳад ба Протей, шоҳ меҳмони Медий хоҳад шуд. Бомдоди он шом меҳмони хони неъмати Медий гашт. Ва надонист, ки меҳмондорӣ бо усули хоҷасарой Боҳуй сурат хоҳад гирифт. Пеш аз ин ҳам Искандар меҳмони хони ў мешуд бо дили пур, аммо намедонист, ин бор чӣ рабояд тани ўро ба хонаи ориятии юнонӣ. Бо Неарх бозиҳо ва озмуни зўри искандарӣ мекард, бо Протей шарти майхорӣ дошт, ба хонаи Медии адабиётдўст меҳмон мешуд.

пешина
аз 411
навбатӣ