Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Медий он шаб – гоҳи базм аз Искандар хоҳиш кард, ки пеш аз баҳрнавадӣ рафтан соате субҳона хўрад аз хони неъмати ў.
Искандар пазируфт хоҳиши ўро. Иоллай он ҷо буд ва бодагусорӣ мекард. Шоҳи маст аз зери мижгони ба ҳам оварда ин қиёфаи барояш нохубро базўр медид ва хуш надошт, ки чизе бигўядаш.
Ў ҷомҳои заринро бо дасмоли хушк тозаву тамиз кард ва бода бирехт. Бо нигоҳи дуздида хастагӣ ва мастии Искандарро дарёфт:
«Фурсат аз ин бобтар нахоҳад шуд.» Чӣ карду чӣ монд, на дўст огоҳ буд ва на душман. Бода хўрданд. Искандар ҳамчунон маст буд. Ончунон рафт, ки омада буд. Чизе рух надод бо шоҳ. Чун ҳамеша ба гармоба даромад. Рўзи дароз бихуфт. Аз хоб бархост.
Бардам ва сабукрўҳ метофт. Кас фиристод ба Медий, ки шом хабар гирад...
Ва имшаб низ базм шуд, базми хоса. Иоллаи маҳрами рози Медий ҳам ҳузур дошт. Искандар андар ҳалқаи ҷондорони хеш Пердикка, чанд сипаҳбади собиқадор, чанд солори сипоҳи аз Юнон ба тозагӣ омада, Неарху Евмен ва табиби хосаи шоҳ Филипп, нафаре муҳандис, ду ашрофзода аз Фессалия ва Фракия буд. Вале таърихнигоре, воқеанигоре вуҷуд надошт, то ин ҳама қисса кунад барои фардоиён. Бавижа чусту чолокиҳои Иоллай, рафторҳои Медии қиссадўст, афсонагўй. Вале ин ҳама Неархи баҳрнавардро хуш наомад. Ҷаста-ҷаста мехест. Чун хонаи шоҳ ва сари дастархони худаш набуд, одоб карда, фурў менишаст. Иоллай шароби ҷомеро чошнӣ мекард ва ҷоми дигарро назди шоҳ мегузошт.
Хуни Неарх ба сар зад ва якбора барҷаста аз гиребони Иоллай гирифта, тела дода, рўй гардонида зону бар думбааш зада аз дар биронд. Магар Иоллайро низ ҳамин чиз лозим буд, ки бо ҳамин баромадан дигар барнагашт ва Неархро посухе надод. Медий аз тани ў дар гирифт.
— Ў меҳмони ман буд, Неарх! Чӣ кор кардӣ?
Неарх сахт нигарист сўйи Медий, ки огоҳ аст аз ҳама сирру савдо. Медий дасту пой хўрда, зуд ранг дигар кард ва хомўш монд, то Искандар огоҳ нагардад аз рафтори онҳо ва хашм нагирад. Вале Искандарро хуш омад шаби вопасини дар Бобули афсонавӣ будан, фардо сафинасавор хоҳад гашт. Хонаи Медии адабиётдўстро мувофиқу муносиб дониста ба шеърхонӣ пардохт. Бахшу пораҳо аз достони Еврипид «Андромеди» хонда лаззат мебурд ва ба дигарон фаҳмониданӣ буд, ки некӣ чун бояд шавад. Чун офаринҳо шунид, биболид. Ҷоми паёпай бардошт.
Шоҳ дарёфт, ки дар андарун оташе пайдо гашта, сўзадаш.
Нагузорад чизе гуфтан. Ва Искандар яқин кунад, ки ҷуз шароб чизе ин оташи сўзонро пасту сард карда натавонад. Ҷомҳо пайи ҳам ба сар кашад. Чунон буд, ки равған бар оташ резад.

пешина
аз 411
навбатӣ