Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Филипп – пизишки хосаи шоҳ ёд овард қисмати табиби Гефестионро, ки баъди фавти сипаҳсолор шоҳ Искандар истинтоқ кард: «Куҷо будӣ? Чаро Гефестионро аз майхорӣ бознадоштӣ?»
Ҳолиё чунин рўз ба сари худи ў омада. Чун бо Искандар коре нохуб шавад, пизишкро ба танг оранд. Филипп ҷом аз дасти шоҳ бозгирифтанӣ шуд, вале ў сахт нигарист ба пизишк ва ғуррид:
«Дарунам оташ дорад, бигзор ташнагиам шиканад...»
Ва боз ба сар кашид ҷомҳо. Мехўрду дар мегирифт ва касе намедонист чӣ ҳол аст. Биларзид шоҳ. Сахт биларзид, ки бо доштану пахш кардан ларзаи тани ў кам нашавад, чунон ки зилзила.
Табларза гирад касро, аммо на чунон сахт, пайваста ва беист.
Ҳайрон буданд ҳама, нигаристанд ба Медий. Неарх хирсона дида дўхт ба ў. Мизбон дар хиҷолат буду ҳайратзада ва ранги рўяш канда: «Худо накунад, ки чизе шавад бо шоҳ...»
Чашмони Неарх Иоллайро меҷустанд. Андешаи ўро ҷуз худаш касе намедонист. Шоҳро аз рафторҳои пури Антипатр огоҳ кардан суде надошт. Зеро болои сўхта намакоб, ба ҷароҳати бемор намак мепошид. Зеро шоҳ ҳолиё аз боби қасду интиқом андеша надошт, ташнагӣ ва сўзи дарун паст карданӣ буд. Ҳеҷ об ва ҳеҷ моеъ тафси ўро паст карда наметавонист. Вале бемор зиёдтар ошомиданӣ буд. Чашмаҳои кўҳистони Суғдро ёд меовард.
— Бубаред маро!!!
Ва ўро оварданд ба шабистони шоҳӣ дам-дами субҳ. Бемадор гашта буд, месўхт. Гумонаш табларза даргузар аст, баробари рух намудани хуршед рад мегардад.
«Пайтобаи шубоне лозим, ки обгардон карда, ошомад.»
«На. Шоҳ написандад табобати барбариро!»
Ройи донишмандони кўҳистонӣ писанд наомад. Бо хости шоҳ ба гармоба бурдандаш. Баъди ҳаммом чизе хўрданӣ шуд, натавонист.
Ғарора кард. Аммо чизе наомад аз даҳон. Авҷ кард дард. Натавонист барояд аз гармоба. Дароз кашид. Ларза гирифт танашро...
Тафси бадан рафъ шуда, гармо ба сармо гашт ва сахту бошиддат ларзондаш. Дандон мезад ба дандон. Тани рўйини Искандар ба кирдори барги бед ларзон буд пеши бод. Ларзиду ларзид, ба кўрпа пахш кардан наметавонистанд зилзиларо боздоштан. Филипп
– пизишк зиёдтар аз бемор арақи сард бароварда буд ва сар меафшонд, ки беҳуда даромад ба гармоба.
«Ба Фурот андозедам!!!»
Вале Рахшон нагузошт тани ларзони шоҳро ба рўди Фурот андозанд.
Тани ў ба кирдори мурғи нимбисмил ларзид – ларзиду қарор гирифт. Пиндоштанд даргузашт. Ҳама рехтанд ба сари ў чӣ аҳли хонадону чӣ солорони сипоҳу ялон. Неарх тори сараш, Рахшон аз дасти росташ ва Геракл аз тарафи чап нишаста буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор