Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пушаймон шуд, ки чаро аз аввал нанавишт. Ҳоло андешаҳояш рафтанд аз ёд. Парешон, ғализ ва мағшушанд. Чун мадор дур шаванд, боз андак-андак оянд чун офтобборон ва боз абри тира пеши назар ояд, нагузорад чизеро дидан. Вале ў миёни ин ҳама дидан хоҳад модарро. Як назар ба чашмаш намуд, ки хубтар ва зеботар аз Олимпиада зане набувад андар ҷаҳон, ҳарчанд хубони порсӣ ақлу ҳушаш рабуда буданд. Ҳолиё нестанд пешаш ва ўро мардон иҳота кардаанд. Филипп мардонро низ ронад.
Омад боз андаруни мардумаки чашмаш модар:
«Александр, ман гуфта будам ҳама пешомадро, чаро гўш надодӣ?»
Искандар безобита шуд. Майли хестан кард:
«Қаламу коғаз биоваред!»
— Марҳамат шоҳи ҷаҳон, қаламу коғаз...
Дастонаш ларзон, қаламу коғаз низ ларзон ва сари ў низ...
«Коллисфен! Коллисфен!... Бинавис!...»
Касе чизе гуфта натавонад, ки Коллисфен мурда бо амри шоҳ.
«Бинавис!...»
Ва ашк ҳалқа зад андар чашмонаш. Симои зебои модар монд зери пардаи сиришк. Олимпиада буд азизтарин кас барояш. На гетерҳои нозанин, на хубону шоҳдухтарони олам, на солорони сипоҳ, на сарбозони зархарид, на ҷўраҳои даврони кўдакӣ, на падару худоён ва на онҳое ки хешро ниҳоят наздик гиранд. Ба қурбонӣ, ба ниёз, ба саҷда беҳ нагардад ҳолаш. Ҳакимону табибон натавонанд аҷалро боздоштан ва банди аҷал кушудан. Як ҷуръа шири сапеди модар нарасад ўро, то ҳама тафсу заҳри дарунаш рафъ гардонад, дубора равон бахшад. Олимпиадаи сарвқомати гарданфароз, зебо бо он ҳама мардхўйӣ, ғазаб ва дуруштӣ маъво гирифта андар оинаи дили писар...
«Навиштӣ? Бинавис!
Ай шарифаи шарифаҳо!
Чун ин нома хонӣ, ба ҳар дари ҳамватанон ҳалқа бикўб. Агар хонадоне бе мусибат, диле бедоғ дарёфтӣ, бигирй! Агар на, ба марги писари раҳдур гиристан савоб набувад...»
Даст ёзида рўйи коғаз гузошт. Ҷуз ёду симои модар чизе набуд дар ёду пеши назари ў. Модар хуш карда буд Арастуи бузургро ба устодии ў. Вақте ки Искандар аз пайи падар рафт ва шамшери ўро ҳунар донист, хуш наомад Олимпиадаро. Димоғаш сўхт. Ва ҳамон зайл аз ҳам ҷудо гаштанд гоҳи ба ҷанги Порс рафтани писар.
Ҳолиё дар чунин вазъу ҳолат пушаймон, ки модарро ранҷонида буд ва подошаш равшан... Ҳанўз ҳам андешаи модарро дар ҳаққи Антипатр кина донад. Ноогоҳ аз рафтору кирдори гумошта ва се писари ҷосусу бадхоҳи шоҳ...

пешина
аз 411
навбатӣ