Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Андаке дарёфта, ки ҷуз модар ғамхоре нахоҳад буд фарзандро. Ранҷидатарин модар бадтарин, ҳатто разилтарин фарзандро низ дўст дорад ва ба марги ў бигиряд.
Инак Искандар ба қадри ин офаридгор расиданист; надонад, ки дер шуда. Дарёфта, ки ба қадри модархудои хеш расидагӣ накард. Аз ҷониби модар худоён ғазаб карда ба ў ва нотавон аст шоҳи оламгир. Шоҳ низ нигоштанист андар нома: «Олам даргузар бувад ва бебақо, моли ҷаҳон судманд набувад; ҷанг – кори сагон, зулм – нопойдор, ситезу хунрезӣ ғазаби худоёнро орад...»
Худдорӣ кунад, ки модар ба таълимоти Арасту рўй овардани писарро таъна назанад...
«Бинавис!
Ай модари азизу беназир!
Оламгирӣ пеши шамшери тез ва бераҳмӣ чизе набувад, вале бақои он нопойдор. Касе ҷаҳон гирифта натавонад ҷовидона, аммо ҷаҳон гирад ҳамаро ҷудогона...»
Чашмонаш пўшида шуданд. Коллисфени хунинкафан андар гавҳараки чашмонаш миёни мижгон монд, ки авроқи сўхтаву фурўзон ба банди сина пахш мекард. Баҳри Сурх тобад пеши назараш, ки Офтоб сўзад андаруни он. Дигар чизе натобад андар каронаҳои олами пуроб. Танҳо сафинаҳо чун мурғобиёни бебол рўйи оинаи минўии яхбаста сокиту азодор бозмондаанд, ки олами муҳаррик мурда тобад.

БАНДИ НЎҲУМ
1 Чунон ки дарди ҳарина часпида шоҳро, табу тафси танаш ҳар лаҳза дигаргун мешуд ва ҳушу ёдаш ба кирдори ҳавои тирамоҳон тағйир меёфт. Ин субҳ андаке беҳу болида дарёфт хешро ва фармуд, то касеро наздаш нагузоранд, ҷуз Медий. Медий баробари шунидани талаби шоҳ оне карахт монд, вале амри шоҳ воҷиб, бо ҳазор андешаву хаёл тарсону ларзон омад назди шоҳ. Пиндошт, ки ғазаб кунад шоҳ ва қасд ситонад, зеро бало аз хонаи ў часпида буд ба Искандар. Он қадар хавф кашид дилаш, ки наравад, балки рўй пинҳон кунад. Дар чунин ҳол ўро пурсидани шоҳ некие надорад. Зеро баъди он ки Неарх Иоллаи маккорро ба думғоза зону зада аз сари хони Медий ронд, ў барнагашт. Бародараш Кассандр низ ғайб зад. Касе дараки онҳоро надорад. Акнун Медий хиҷолат кашад, ки шоҳ чизеро пай бурда ва ё бо ройсозии Неарх аз онҳо гумонбар шуда, ўро ба истинтоқу шоҳидӣ талаб кардааст. Инак навбати ў расида.

  1. Ҳарина – ҳарона; ҳар он тағйирёбанда.
пешина
аз 411
навбатӣ